Маъмур

Татбиқи амалии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар Донишкада

Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» аз ҷониби Донишкада мунтазам омӯзишу тренингҳо баргузор мегардад, ки дар рушди маҳорати касбии омӯзгорони Муассисаҳои томактабӣ ва Марказҳои инкишофи кӯдакон нақши муҳим мегузорад. Зеро таҷрибаи кишварҳои муваффақ собит намудааст, ки кӯдакони дар боғча ва маркази инкишофи кӯдак тарбияёфта аз кӯдакони дар…

Бештар ...

ҶАМЪБАСТИ ТАҶРИБАИВЗКУНИИ КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

12 сентябри соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими ҷамъбасти таҷрибаивазкунии кормандону омӯзгорони Донишкада баргузор гардид. Зимни маросим, роҳбарияти Мактаби зеҳнии Назарбоеви шаҳри Астана кормандону омӯзгорони Донишкадаро ҷиҳати анҷоми бомуваффақияти таҷрибаивазкунӣ ва омӯзишу мулоқотҳои судманд изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки натиҷаи мулоқоту вохӯриҳои пайвастаи роҳбарияти Донишкада махсусан Наврӯз Мирзозода буд, ки имрӯз мо…

Бештар ...

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАШВАРАТИ КОРӢ

15 сентябри соли ҷорӣ дар Донишкада ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, қарорҳои ҷаласаи шурои олимон оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва ҷаласаи машваратии назди ректор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд….

Бештар ...

Идомаи таҷрибаомӯзӣ дар Мактабҳои зеҳнии Назарбоев

Имрӯз, пас аз нимаи дувуми рӯз ҳайати гурӯҳи кории Донишкада аз фаъолияти Мактаби зеҳнии табиатшиносӣ, физика ва математикаи Назарбоев дидан намуданд. Таҷрибаомӯзӣ маҳз бо шарофати ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев» ба даст омад. Мутахассисони Донишкада бо ҳамкасбони қазоқистонии худ ба масъалаҳои тамоюлҳои муосири таҳсилоти байналмилалӣ — гузариш аз субъекти марказӣ ба метамарказӣ, трансформатсияи…

Бештар ...

Табодули таҷрибаи 6 нафар омӯзгорони Донишкада дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Кормандони Донишкада дар ҳайати гурӯҳи корӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ба Мактаби зеҳнии Назарбоев ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд. 6 нафар омӯзгорони Донишкада омӯзишҳоро дар самти: — арзёбии курсҳои такмили ихтисос; — таҳияи барномаҳои таълимӣ; — омодамнамудани тренерон ҳамчун фасилитатор, модернатор ва сарпараст (наставник) оғоз намуданд. Гурӯҳи кориро раиси Мактаби…

Бештар ...

Муқовимати дастаҷамъонаи ҷавонон бар зидди коррупсия

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар раёсату шуъбаҳо имрӯз, 23.05.2025 дар Донишкада чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон дар мавзуъи «Муқовимати дастаҷамъонаи ҷавонон бар зидди коррупсия» бо ҷалби кормандону омӯзгорон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуд. Дар чорабинӣ муовинони ректор Абдусаттор Наҷмиддиниён, Сафарбек Собирзода, мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои…

Бештар ...

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА ДАР МУСОБИҚАИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Имрӯз, 18 майи соли 2025 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда шуд.Дар чорабинии варзишии мазкур ҳайати омӯзгорону кормандони Донишкада фаъолона иштирок намуданд.Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар…

Бештар ...

ОИЛА — МАКОНИ КАМОЛОТИ ИНСОН ВА РУКНИ АСОСИИ ҶОМЕЪА

Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола санаи 15-уми май дар аксари кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Муҳимияти солимии оила ва пойдории онро ба назар гирифта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро “Соли оила” эълон намуда буданд. Вобаста ба ин имрӯз 15.05.2025 бо ибтикори кафедраи…

Бештар ...

Терроризм ва экстремизм — таҳдид ба амнияти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи 07.05.2025 вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 хониши кафедравӣ дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм — таҳдид ба амнияти кишвар, минтақа ва ҷаҳон» баргузор гардид.Чорабиниро мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ Ҷумахонова Манучеҳра бо таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — “Имрӯз терроризм…

Бештар ...

ҶАМЪБАСТИ СЕМИНАРИ ОМУЗИШИИ ОМОДА НАМУДАНИ ТРЕНЕРОН

Рӯзҳои 5-7 майи соли ҷорӣ семинари омӯзиши барои омода намудани тренерони зинаи томактабӣ бо ҷалби мутахассисони Донишкада ва филиалҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо кӯмаки техники Бонки Ҷаҳони идома дошт, ҷамъбаст гардид. Дар раванди семинар малакаву маҳорати тренерии кормандони Донишкада ва филиалҳо боз ҳам…

Бештар ...