12 сентябри соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими ҷамъбасти таҷрибаивазкунии кормандону омӯзгорони Донишкада баргузор гардид.
Зимни маросим, роҳбарияти Мактаби зеҳнии Назарбоеви шаҳри Астана кормандону омӯзгорони Донишкадаро ҷиҳати анҷоми бомуваффақияти таҷрибаивазкунӣ ва омӯзишу мулоқотҳои судманд изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки натиҷаи мулоқоту вохӯриҳои пайвастаи роҳбарияти Донишкада махсусан Наврӯз Мирзозода буд, ки имрӯз мо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҷиҳати рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорони ҳарду кишвар ба натиҷаҳои назаррас шарафёб гардида истодаем. Баъдан ба иштирокчиён сертификатҳои хатми таҷрибаивазкуниро супорид.
Барномаи мазкур аз машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ, мониторинг ва арзёбии курсҳои такмили ихтисос ва барномаҳои таълимии бозомӯзӣ, такмили маҳорати тренерӣ, раванди татбиқи зеҳни сунъӣ (AI), барномасозӣ, робототехника дар муассисаҳои озмоишӣ, мактабҳои комфортӣ ва пешрафтаи технология ошноӣ пайдо намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳуми миёни Донишкада ва Мактаби зеҳнии Назарбоеви шаҳри Астана амалӣ гардид.



