Раёсати илм ва инноватсия

Раёсати илм ва инноватсия дар сохтори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» ҳамчун таъминкунандаи роҳбарӣ ва назорати корҳои илмӣ – таҳқиқотии омўзгорон, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ ва ташкили такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои илмиро дар Донишкада ва филиалҳои он ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти раёсат аз ҳисоби маблағҳои харҷномаи муассиса (маблағҳои буҷетӣ, суратҳисоби махсус ва дигар сарчашмаҳое, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд) ба роҳ монда дорои чунин вазифаҳо мебошад:

  • муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ -таҳқиқотии устодону омўзгорони кафедраҳои Донишкада дар асоси мавзуъҳои илмии кафедраҳо;
  • тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои илмӣ – эҷодӣ;
  • таъмини сатҳи зарурии илмӣ — техникии корҳои илмӣ — тадқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
  • назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо ва нақшаи инфиродии омўзгорон дар қисмати корҳои илмӣ тадқиқотӣ;
  • анҷом додани баҳогузорӣи маҷмўи ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо ва омўзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
  • таҳлил ва баррасии натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионии кафедраҳо дар Шўрои олимони донишкада;
  • ба танзим даровардани корҳо дар самти дарёфт, омўзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадам дар кафедраҳои донишкада ва роҳҳои ҳалли тарғиб намудани он дар курсҳои такмили ихтисоси омўзгорон;
  • ташкил ва гузаронидани конференсия, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои такмили ихтисос;
  • таҳияи нақшаи солона ва дурнамо оид ба сафарбар намудани кормандони ҷавони донишкада ба аспирантура ва докторантура;
  • талаб намудани ҳисоботҳо аз кафедраҳои донишкада ва филиалҳои он доир ба иҷрои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва назорат намудани татбиқшавии барномаҳои давлатӣ.
  • баррасии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионӣ ва барои баррасӣ ва муҳокима ба Шўрои олимони донишкада пешниҳод намудан;
  • ташкили намоишгоҳҳои илмӣ ва озмунҳо доир ба дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии Донишкада ва филиалҳои он;
  • назорати фаъолияти китобхонаи донишкада ва филиалҳои он;
  • назорати фаъолияти ходимони Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Такмили маҳорати педагогӣ»;
  • омода намудани ҳисоботӣ илмии семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солонаи Донишкада дар асоси ҳисоботҳои илмии кафедраҳо ва филиалҳои донишкада.