Бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин

Суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин воқеан, саривақтӣ ва айни муддао буд. Зеро дар замони имрӯза, ки ҷаҳонишавии фарҳангҳо раванди вусъат пайдо кардааст, хурофотзадагӣ миёни ҷавонон авҷ гирифтааст. Барои ислоҳи ин ҳолат баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, аз худ кардани илми муосир дар такя ба таъкидҳои бузургони илму адаб аҳамияти бештар пайдо карда, моро водор менамояд, ки ҳар дастуру супориши Пешвои миллатро роҳнамои амали худ қарор диҳем. Президенти муҳтарам басо бамаврид қайд карданд: «Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аждоди бофарҳанг ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд”. Дар ҳақиқат, донистани таъриху фарҳанги худ омили беҳтарини ҷилавгирӣ аз гаравидан ба раванду ақидаҳои ифротист. Маҳз дар заминаи худшиносӣ мо метавонем, симои давлату миллати худро барҷаставу муътабар нишон диҳем, арзишҳои милливу фарҳангии хешро муаррифӣ намоем. Тавре Сарвари давлат пайваста таъкид мекунанд, маориф омили амнияти миллӣ ва соҳаи афзалиятноки давлат аст. Аз ин рӯ, дар роҳи рушди тарбияи ҷомеа нақши мактабу маориф дар алоҳидагист. Аммо дар ин маврид бояд тамоми ҷомеа робитаро ба мактаб мустаҳкам гардонанд. Дар он сурат беҳтарин натиҷаҳо барои расидан ба ҳадафҳои интихобшуда ба мо мадад расонда метавонанд.

https://www.facebook.com/groups/1340102256547260