Сохтори раёсат

Сохтор ва теъдоди бастии раёсатро тибқи тартиби муқарраргардида Муассис тасдиқ мекунад.

Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ-сохторе мебошад, ки бо назардошти вазифаҳои дар назди Донишкада истода ташкил карда мешавад. Дар таркиби раёсат шуъбаи бозомўзӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, бахши мониторинги сифати таълим ва бахши омўзиши забонҳо амал мекунад.  Раёсат тибқи ҷадвали басти воҳидҳои корӣ аз 13 воҳиди корӣ иборат мебошад:

— сардор 1 воҳид;

— сармутахассис 1 воҳид,

— мутахассис 2 воҳид

— танзимгар 1 воҳид,

ШУЪБАИ БОЗОМЎЗӢ ВА ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ:

— мудири шуъбаи 1 воҳид,

— сармутахассис 1 воҳид,

мутахассис 2 воҳид,

БАХШИ МОНИТОРИНГИ СИФАТИ ТАЪЛИМ:

— мудири бахш 1 воҳид;

— мутахассис 1 воҳид

БАХШИ ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲО:

— мудири бахш 1 воҳид;

— мутахассис 1 воҳид

Сардори раёсати корҳои таълимӣ-методӣ тибқи тартиби муқарраршуда бо фармоиши ректори Донишкада ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Ба вазифаи сардори раёсати корҳои таълимӣ-методӣ шахсе таъин карда мешавад, ки таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси мувофиқ ва 3 сол собиқаи корӣ дар мансабӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошад.

ВАЗИФАҲОИ РАЁСАТ

Омода кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурӣ ва илмию методии Донишкада, ки бо кори таълимию методӣ алоқманд аст.

Коркарди лоиҳаи нақшаҳои дурнамо (5 сол), солона, семоҳа ва дигар нақша чорабиниҳои Донишкада.

Назорат намудани рафти ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисосро дар филиалҳои донишкада.

Ҷалб намудани лекторони баландихтисос аз Вазорати маориф ва илм, зерсохторҳои вазорат ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ.

Ташкил ва баргузор намудани машғулиятҳои амалии курсҳои такмили ихтисос.

Иштирок ва назорати аттестатсияи хатми курсҳои такмили ихтисос.

Пешниҳоди мунтазами ҳисобот ба раёсати донишкада аз рафти иҷрои корҳо, баргузории курсҳо ва иштироки шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос.

Таҳияи ҷадвали машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос.

Таҳияи нақшаи баргузории курсу семинарҳои махсуси Донишкада.

Омўзиши самаранокии машғулиятҳои омўзгорони кафедраҳо ва сохторҳои дигари Донишкада.

Баррасии ҳисоботи мудирони кафедраҳо.

Муайян ва расмӣ кунонидани муассисаҳои базавии Донишкада.

Ташкили бонки маводҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос.

Ташвиқу тақвияти ҷараёни инноватсионӣ дар таълим.

Ташкил ва баргузор намудани семинарҳои мақсаднок.

Назорати машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос.

Саҳм гирифтан дар ташкилу гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, мизи мудаввар ва ғайра.

Натиҷагирӣ аз таклифу дархостҳои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос оид ба мазмун ва мундариҷаи машғулиятҳои лекторон.

Натиҷагирӣ аз таклифу дархостҳои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос оид ба мазмун ва мундариҷаи нақша ва барномаҳои таълимӣ.

Тибки накшаи фаъолияти донишкада омода намудани маълумотнома ва лоихаи карор барои Шурои олимон ва илмӣ-методии донишкада.

Омода намудани шартнома бо лекторони даъватии донишкада.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТ

Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ маркази идораи таълимӣ-методии Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» буда, мақсади ниҳоии он такмил додани маҳорати касбӣ, ба роҳ мондани бозомўзии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, расонидани ёрии амалии методӣ ба кормандони шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Гузаронидани пурсишномаҳои токурсӣ ва баъдикурсӣ дар курсҳои такмили ихтисос ва курсҳои махсуси донишкадаи ҷумҳуриявӣ ва филиалҳои донишкада дар минтақаҳо.

Ташкил намудани курсҳои омўзишӣ барои хоҳишмандон.

Ташкил ва баргузор намудани курсҳои курсҳои бозомўзӣ ва таҳсилоти фосилавӣ.

ҲУҚУҚҲОИ РАЁСАТ

Аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Донишкада оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти раёсат дохиланд, маълумот талаб намояд.

Бо тартиби муқарраршуда маҷлисҳо ва семинарҳо даъват намояд, инчунин дар маҷлисҳое, ки ректори донишкада ва роҳбарони дигар сохторҳои он дар  масъалаҳои таълимӣ-методӣ мегузаронанд, иштирок намояд.

Аз воҳидҳои сохтории Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» ҳисоботи муқарраргардида, маълумот ва маводҳоеро, ки аз вазифаҳои ба зиммаи раёсат гузошташуда бармеояд, талаб намояд.

Ҳамкориҳои худро бо кафедраю сохторҳои дигари Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, филиалҳои донишкада дар минтакаҳо, раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монад.

Ҳисоботи фаъолияти солонаи раёсатро тартиб диҳад.

Дар коркарду корбасти стратегияи рушд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ва корҳои илмӣ–методии он иштирок кунад.

Дар қабули қарорҳои идории мансуб ба ташкилу гузаронидани курсу семинарҳои такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои педагогӣ ва роҳбарикунандаи донишкада, филиалхои донишкада дар минтақаҳо саҳм гирад ва пешниҳоду дархостҳояшро манзур дорад.

Дар коркарди сохтори нав ё ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сохтори мавҷудаи Донишкада иштирок кунад.

Ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи омўзгорони кафедраҳо вобаста ба машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос, тибқи талабот ба роҳ мондани хуҷҷатнигории курсҳо ва иҷроиши сарбории таълимии онҳо ба раёсат таклиф пешниҳод намояд.

Ҷиҳати аз ҳуқуқи гирифтани шаҳодатномаи хатми курс маҳрум намудани шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, ки ба интизоми меҳнат ва қоидаи ҳозиршавӣ ба машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос муносибати ҷиддӣ надоранд, ба раёсат таклиф пешниҳод намояд.

Рафти курсҳо ва машғулиятҳои омўзгоронро дар курсҳои донишкадаи марказӣ ва филиалҳои он дар минтақаҳо назорат намояд.

Дар курсҳои донишкадаи ҷумҳуриявӣ ва филиалҳои он дар минтақаҳо мониторинг гузаронида ба ректори донишкадаи ҷумҳуриявӣ маълумотнома пешниҳод намояд.