Филиали в. Суғд

Директори ФДҶТИБКСМ дар в. Суғд

Исомаддинзода М. Э

Маълумотнома

       Филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд (Филиал) сараввал  бо номи “Институти тайёркунии кадрҳои маорифи халқ”, соли 1939 ва сипас, тибқи  Қарори Совети Вазирони  РСС Тоҷикистон  № 109 – р аз 09.03.1956с. бо номи  “Институти такмили ихтисоси муалимони вилояти Ленинобод” таъсис ёфтааст.

      Аз моҳи апрели соли 1962 мақоми  Институт аз “вилоятӣ” ба “байниноҳиявӣ” ва аз апрели соли 1971 боз ба мақоми  “вилоятӣ” иваз карда шудааст.

    Институт ҳамчун муассисаи таълимӣ-методӣ буда, вазифаи асосии он аз ташкилу гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони ҳамаи муассисаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ташкили корҳои илмию методӣ ва омӯзишӣ, баррасию ҷамъбаст ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ иборат мебошад.

     Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 345 аз 30.05.2014 ҳамаи марказҳо ва Институтҳои такмили ихтисоси кишвар ба Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мутамарказонида шуда ба 5 Филиалҳои он аз ҷумла дар вилояти Суғд табдил дода шудааст.

   Сохтори Филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд мувофиқи ҷадвали воҳиди  кории тасдиқшуда чунин мебошад:

  1. Маъмурият 3 нафар (директор ва 2 ҷонишин — оид ба корҳои таълимию методӣ ва илм ва инноватсия);
  2. Шуъбаи муҳосибот, бо воҳиди кории 4 нафар;
  3. Шуъбаи кадрҳо ва котибот, бо воҳиди кории 6 нафар;
  4. Шуъбаи таълим бо воҳиди кории 4 нафар;
  5. Кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ, бо воҳиди кории 13 нафар;
  6. Кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ, бо воҳиди кории 12 нафар;
  7. Кафедраи методикаи таълим дар муасисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва умумӣ, бо воҳиди кории 11 нафар;
  8. Кафедраи психология, педагогика ва методикаи  таълим, бо воҳиди кории 6 нафар;
  9. Шуъбаи хоҷагӣ ва маъмурӣ бо воҳиди кории 16 нафар.

      Алҳол дар филиали Донишкада  2 нафар докторони илм-профессор, 8 нафар номзадони илм-дотсент, 4 нафар мудирони кафедра, 27 нафар омӯзгорони калон ва 4 нафар лаборантҳо кор ва фаъолияти омӯзгорӣ  доранд.

     Филиал, аз соли 2015 инҷониб соҳиби бинои алоҳидаи сеошёна гардида, алҳол дорои  18 синфхонаи таълимӣ, аз он ҷумла 4 адад кабинетҳои фаннии муҷаҳҳазгардида, як кабинети инклюзивӣ, китобхонаи электронӣ бо толори нишаст ва маҳзани захираи китобҳо  ва 16 утоқҳои корӣ  мебошад.

     Филиали Донишкада дар суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Унҷӣ, кӯчаи Рӯдакӣ, 1 (дар ҳамшафати Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб”) ҷойгир мебошад.