Донишкада

Муассисаи давлатии

“Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф”

Шурои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон 8 феврали соли 1935 дар назди Комиссариати халқии маорифи ҷумҳурӣ Донишкадаи такмили ихтисоси кадрҳои маорифи халқро таъсис дод.

Бо қарори Шўрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон (№ 1141) аз 22 сентябри соли 1939 донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон мақоми муассисаи олии таълимӣ дода шуд.

16 июни соли 1941 Институти давлатии илмию тадқиқотии мактабҳо ва такмили ихтисоси муаллимон ба Бюрои илмӣ-методӣ табдил дода шуд. 15 маи соли 1944 дар базаи Бюрои лектории комиссариати халқии маориф ва кабинети таълими ғоибонаи омўзишгоҳи педагогӣ Институти илмию татқиқотии педагогӣ ташкил шуда, 16 майи соли 1958 он ба Институти такмили ихтисоси муаллимон якҷоя гардид ва Институти илмию тадқиқотии илмҳои педагогӣ ном гирифт.

14 майи соли 1962 Институти такмили ихтисоси муаллимон аз Институти илмию тадқиқотии илмҳои педагогӣ ҷудо карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29/04-2009, №264 Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.2012, таҳти рақами №714 Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф тағйири ном кард.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2014, №345 “Дар бораи муттаҳид намудани муассисаҳои давлатии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф” Донишкадаҳои минтақавӣ (ВМКБ — шаҳри Хоруғ, вилояти Хатлон — шаҳрҳои Бохтар ва Кўлоб, вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд) ва Маркази такмили ихтисоси раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар заминаи Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф” мутаҳҳид карда шуданд.

Дар сохтори нави Донишкада:

Раёсати корҳои таълимӣ – методӣ;

Раёсати илм ва инноватсия;

Раёсати кадр ва котибот;

Кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф;

Кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ;

Кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ;

Кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

Кафедраи таҳсилоти касбӣ ва информатика;

Кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълим;

Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии “Такмили маҳорати педагогӣ”;

Маркази таълимӣ ва омӯзиши инноватсионӣ;

Китобхона;

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ татбиқи лоиҳа ва грантҳо;

Шуъбаи бозомӯзӣ ва таҳсилоти фосилавӣ;

Шуъбаи муҳосибот ва иқтисод;

Шуъбаи хоҷагӣ ва маъмурӣ;

Бахши мониторинги сифати таълим;

Бахши омӯзиши забонҳо;

Бахши таъмини техникӣ;

Бахши хуроки умумӣ;

Бахши хобгоҳ фаъолият мекунанд.

Фаъолияти асосии Донишкада ва филиалҳо ба такмил додани маҳорати касбӣ, ба роҳ мондани бозомўзии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, расонидани ёрии амалии методӣ ба кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ равона гардидаст, ки онҳо;

  • таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии КТИ ва семинарҳои мақсаднок;
  • баргузории курсҳои такмили ихтисоси кормандони маориф;
  • беҳтар кардани мазмуну мундариҷаи курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок, такмили маҳорати касбии кормандони маориф (ғайр аз кормандони макотиби олӣ);
  • бозомӯзии кадрҳои педагогӣ;
  • коркарди мавзӯъҳои илмию татқиқотӣ доир ба самти такмили ихтисоси кормандони маориф;
  • тарғиби таҷрибаи пешқадами кормандони эҷодкори соҳа, технологияи навини педагогӣ, усулҳои фаъоли таълим;
  • расонидани ёрии методӣ ба идораю шуъбаҳои маориф ва марказҳои такмили ихтисоси вилоятӣ, шаҳрӣ вобаста ба самти фаъолият;
  • таҳия ва табъу нашри маводҳои илмию методӣ доир ба такмили маҳорати касбии кормандони соҳа ва тайёр намудани кадрҳои соҳибунвони педагогӣ мебошад.

Аз соли 1991 то нимсолаи якуми соли 2023 дар Донишкада зиёда аз 12464 нафар шунавандагон аз рўи 40 ихтисос такмили тахассус намудаанд. Агар соли 1991 дар ҷумҳури 12464 нафар ба курсҳо ҷалб гардида бошанд, ин нишондод дар соли 2022 ба 23999 нафар расид. Дар маҷмуъ дар замони соҳибистиқлолӣ Донишкада тавонист 545363 (панҷсаду чилу панҷ ҳазору се саду шасту се) нафарро аз курсҳои такмили ихтисос гузаронад.

Нақша ва барномаҳои таълимӣ аз рўи 62 ихтисос, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.11.2020, №15/79 тасдиқ гардидаанд, аз 01.01.2021 дар ҳамаи филиалҳои Донишкада мавриди амал қарор дода шуданд. Нақша ва барномаҳои нави таълимии КТИ бо мувофиқаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон амалӣ мешавад, ки ҷавобгўи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ, инкишофи босуръати техникаю технология, фазои мутассил фарох гардидаистодаи иттилоотӣ ба системаи таҳсилоту стандартҳои байналмилалии таҳсилот наздик шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии ислоҳоти соҳаи маориф, ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, падидаҳои нави идораю маблағгузории соҳаи маориф, дастовардҳои фанҳои таъриху ҷомеашиносӣ, гуманитарӣ, табиию риёзӣ, педагогикаю психология, асосҳои техникаи компютерӣ ва ғайра ахбороти комил дода мешаванд.

Тартиби такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф бо дар назардошти навгониҳо ва талаботи замони муосир таҷдиди назар ва бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2023, № 377 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2023, № 1229 ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Ҳамасола дар Донишкада озмунҳои минтақавии “Омўзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронида мешавад.

Фаъолияти эҷодии кормандони донишкада хеле фарох буда, паҳлуҳои гуногуни ҷараёни таълиму тарбияро дар мактабҳо тавассути омўзгорони хатмкардаи курсҳои такмили ихтисос ё омўзгорони ба курсҳои минбаъда номнависшуда, роҳбарони мактабҳо, кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо фаро мегирад.

Дар панҷ соли охир кормандони донишкада 65 китоби дарсӣ ва тавсияҳои методӣ, аз ҷумла барои мактабҳои ўзбекӣ таълиф карданд, ба бештар аз 50 китоби нави дарсӣ тақриз навишта, оид ба вазъи таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, роҳҳои беҳтар намудани сифат ва самаранокии курсҳои такмили ихтисос, таҷрибаи пешқадами педагогӣ тавассути матбуот, телевизиону радио суханронӣ кардаанд.

Роҳбарияти Донишкада тамоми ин солҳо барои бо кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва педагогӣ таъмин намудани кафедраҳо ҷидду ҷаҳд менамуд ва ба комёбиҳо низ ноил гардидааст.

Аз 65 нафар корманди эҷодии донишкада 30 нафарашон бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», унвонҳои фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон» ва «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва ордену медалҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд.

Шумораи кормандони унвони илмидошта низ афзуд ва ҳоло онҳо ба 68 нафар мебошанд, ки аз ин: 13 нафар доктори илм, профессор, 1 нафар доктори илм, 20 нафар номзади илм, дотсент ва 34 нафар номзади илм мебошанд.

Ҳамасола 5-6 конференсияҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, семинарҳои мақсаднок, ҷамъомадҳо ва баромадҳои кормандону омўзгорони Донишкада ба ВАО пайваста доир мегардад.

Китобхонаи Донишкада дорои 7103 нусха китобу маводи таълимӣ ва қариб 10000 китобҳои электронӣ мебошад.

Самти дигари фаъолияти Донишкада ин ҳамкори бо шарикони рушд мебошад ва айни ҳол бо 24 муассисаи илмии кишварҳои хориҷ (19 муассисаи таълимии Федератсияи Русия ва 5 муассисаи таълимии Ҷумҳурии Беларус)  ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Қайд кардан лозим аст, ки солҳои охир, сохтори Донишкада мукаммал гардид ва стратегияи рушду такмили ихтисос муайян карда шуд. Инчунин барои сикли 3-солаи такмили ихтисос замина омода гардид.