Филиали ш. Кулоб

 

   Директори ФДҶТИБКСМ дар ш.Кӯлоб

      Шаҳбози Рустамшо

 

 

 ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДА

        Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгории гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон яке аз муассисаҳои муҳимтарини беҳдошти ҷараёни таълиму тарбия дар  мактабҳои  минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад. Зарфи ин солҳо донишкада барои боло бурдани  фарҳангу маърифати омӯгорӣ ва такмилу татбиқи маҳорати  методӣ, ки шарти муҳими баланд бардоштани ихтисоси муаллим маҳсуб меёбад, бо баргузории курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок корҳои бузургеро ба анҷом расонидааст.

Донишкада бо қарори Шӯрои  комиссарони  халқии ҶШС Тоҷикистон аз 20-уми  январи соли 1933 ташкил ёфтааст. Бо назардошти  он ки  оммаи асосии муаллимони мактабҳои  деҳоти  ҷумҳурӣ тайёрии  бағоят пасти назариявӣ ва  омӯзгорӣ доранд (аксар дар  ҳаҷми синфҳои 2-3-и мактаби ибтидоӣ), — гуфта мешавад дар он қарори ҳукумат ва он монеаи асосии  баланд  бардоштани сифтаи кор дар  мактабҳо гаштааситу то кунун оид ба такмили ихтисоси  муаллимон кори мунтазам сурат нагирифтааст, дар назди  Комиссарияти  халқии  маорифи ҶШС Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси кадрҳои маорифи халқ ташкил дода, ба зиммааш кори  мунтазами  баланд бардоштани  ихтисоси  муаллимон ва дигар  кадрҳои  маорифи халқ бо роҳи вусъатбахшии таълими  омӯзнгории бо роҳи  курсҳо,  тайёр кардани  кормандони системаи Комиссарияти  халқии  маорифи ҶШС Тоҷикистон гузошта шавад.

       Ва бо қарори ҳукумат такмили  ихтисос барои  муаллимон вазифаи давлатӣ ҳисобида шуд. Солҳои баъдина хатми  курси такмили ихтисос яке аз  шартҳои ба дараҷаи балантарини  тахассусӣ  гузаронидани  омӯзгор мансуб гардид ва дараҷаи тахссус боиси  ба маош зам шудани фисати  муайяни маблағ буду ҳаст.

     Солҳои мавҷудияти  донишкада чанд мартиба ном, мақом, сохтор, суроға иваз кардааст, вале курсҳои такмили ихтисос мунтазаму мунтазам баргузор мегардиданд.

     Фаъолияти донишкада аз соли 1962 аз таркиби  донишкадаи илмию тадқиқотии илмҳои педагогӣ берун омадан ва бо номи Донишкадаи такмили ихтисоси  омӯзгорони гурӯҳи шаҳру ноҳияхои Кӯлоби вилояти Хатлон мустақил кор кардан хеле  пурзӯр шуд. Ҳамон соли фаъолияти  мустақилона донишкада ба бинои  нави  ҳозирааш ҷойгир шуд, ки 10 кабинети таълимию методӣ,  лабораторияҳои  физика ва  математика, кимиё ва биология,  устохонаҳои  коркарди чӯбу  метал, хобгоҳи дорои 40 кат ва толори маҷлис буд.