ЗАБОН ДОНӢ ҶАҲОН ДОНӢ!

Бо мақсади татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, №795 аз 18 марти соли 2024 аз ҷониби ректори Донишкада муҳтарам Наврӯз Мирзозода як қатор чорабиниҳои амалӣ ҷиҳати тақвияти малакаи касбӣ, чаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандону омӯзгорони Донишкада ва филиалҳо андешида шуд. Аз ҷумла, барои кормандону омӯзгорони Донишкада курси омӯзишии забони англисӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ташкил гардид ва он дар як ҳафта се рӯз баргузор мегардад. ​

Имрӯз, аз ҷониби намояндагони ин Донишгоҳ барои омӯзгорону кормандони Донишкада маводҳои омӯзишӣ тақсим карда шуданд.

https://www.facebook.com/groups/1340102256547260