ВОХӮРӢ БО ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ТАҲИЯИ БАРНОМАИ МУОСИРИ МОДУЛӢ ДАР ШАКЛИ ОМӮЗИШИ ОМЕХТА

Дар Донишкада вохӯрии ректор ва директори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илм бо мушовири байналмилалии Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Марҳилаи II) Александр Сокол, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳияи маводи омӯзишии рақамӣ бо истифода аз платформаи рақамии омӯзишии Moodle ва ҷойгир кардани курсҳо дар он, ҳамзамон бо қадамҳои минбаъдаи гурӯҳи таҳиягарони барномаи модулии рушди муттасили касбии омӯзгорон, ки тибқи сохтори омӯзиши омехта (blended learning) барои фанҳои математика ва забони тоҷикӣ таҳия мегардад, баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, барномаи семинари омӯзишии амалӣ барои гурӯҳи корӣ барои минбаъа ба нақша гирифта шуд.