ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ДОНИШКАДА АЗ РӮЙИ 6 КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР АСОСИ ШАКЛИ МОДУЛИИ ТАЪЛИМ БА РОҲ МОНДА ШУД

Дар Донишкада ва филиалҳо шурӯъ аз моҳи феврали 2026 раванди пешбурди фаъолият аз рӯйи 6 барномаи таълимӣ дар доираи гузариш ба шакли модулии таълим дар низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ба роҳ монда шуд. Дар шакли модулӣ фарогирӣ барномаи таълимӣ, модули таълимӣ барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, роҳнамо барои тренер, рӯнамо (презентатсия), маводи тақсимотӣ ва варақаҳои арзёбӣ мебошад. 16.02.2026 дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар Донишкада курсҳои такмили ихтисоси мушовирони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорони фанҳои математика ва забон ва адабиёти тоҷик аз рӯйи ин маҷмуа оғоз шуданд. Қаблан, барои баргузории чунин курсҳо аз ҳисоби мутахассисони Донишкада ва филиалҳо тренерон омода карда шудаанд.
РS: Пеш аз ҷорӣ гардидани шакли мазкур онҳо тӯли се моҳ (ноябр, декабр ва январ) аз озмоиш дар шакли пилотӣ гузаронида шуданд.