Ҷаласаи кории назди муовини вазири маориф ва илм оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

05 августи соли 2026 дар Донишкада ҷаласаи корӣ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Илҳомуддин баргузор гардид, ки дар он сардорони масъули воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илм, намояндагони Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳам ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок намуданд.

Иштирокчиён аз омодагии раёсати Донишкада барои қабули шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос шинос шуда, аз синфхонаҳо ва маводди таълимӣ дидан намуда бо омӯзгорон суҳбат намуданд. Маълум гардид, ки маҷмӯи маводи таълимӣ барои ҳамаи курсҳо пурра омода буда, ҳам дар шакли рӯйнамо ва ҳам маводи чопӣ бо сифати баланд нашр гардидааст. Муовини вазири маориф ва илм Иброҳимзода Илҳомуддин ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки соҳаи маориф ҳамеша дар зери таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ислоҳот дар он мунтазам идома дорад. Ҷиҳати омодагӣ ба соли таҳсил масъулини МТОК фаъолиячтҳоро ҷоннок намуда, ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешанд. Ҳамзамон, ба масъалаи сифати таҳсилот дар МТОК, таҷдиди назар намудани Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои таҳсилотӣ, баррасии иҷрои нақшаи қабули МТОК пас аз тақсимоти Маркази миллии тестӣ, масъалаи омода кардани омӯзгорони самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар МТОК, таъсиси ихтисосҳо дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияи иттилотӣ дар МТОК, таъсиси ихтисосҳо аз рӯи низоми дуалӣ дар МТОК, аккредитатсияи байналмилалӣ (институтсионалӣ ва барномавӣ (ихтисосҳо)) дар МТОК, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ташкилоту муассисаҳои хориҷи кишвар ва ҷалби донорҳо, омодагии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба соли нави таҳсил, тарбияи идеологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, иҷрои нақшаи баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва сайру гашти донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар боғҳои фарҳангӣ, таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2026, №10 «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол», ҷадвали меъёрҳои ҳатмии муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, масъулин ҷиҳати иҷрои он вазифадор гардиданд.

Баъдан ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода, оид ба сохтори маҷмӯи маводи таълимӣ (барномаи таълимӣ, модули таълимӣ, роҳнамои омӯзгор, маводи арзёбӣ, руйнамо ва маводи тақсимотӣ) гузориши муфассал пешниҳод намуда, зарурати таҳияи он ва истифодаи самараноки онро пурра шарҳу тавзеҳ дод. Зикр гардид, ки шуруъ аз 10 августи соли 2026 ҳамаи шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз рӯйи маҷмӯи маводи таълимӣ омӯзишҳоро оғоз менамоянд ва барои ҳар як шунавандаи курс мавод пешаки омода гардидааст. Донишкада ва филиалҳои он барои қабули шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос пурра омода буда, таълимро бри аввал дар шакли модулӣ ба роҳ мемонанд. Чун муосиркунонии низоми такмили ихтисоси ба салоҳият асосёфта, таҳия ва истифодаи маводи муосири таълимию методӣ яке аз ҳадафҳои Вазорати маориф ва илм мебошад ва дар ин самт Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф таҷрибаи хуб дошта, метавонад барои масъулин МТОК омӯзишҳоро тибқи нақша минбаъд ба роҳ монад