ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МУОСИРСОЗИИ РАВАНДИ РУШДИ МАҲОРАТИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

Дар ҳошияи конференсияи байналмилалии «Мактаб ва рушди инсонӣ: сифат ва имкониятҳои баробар», ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз бо профессори таҳсилоти технологи ва STEM, директори Маркази таҳқиқот дар соҳаи хушни маснуи ва таҳсилоти STEM- и Донишгоҳи омӯзгории Шанхай Ма Ҳонглианг ва раиси Шурои мактабҳои байналмилалии Ҳолланд Ҷейн Ларсон мулоқоти судманд анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ профессор Ма Ҳонглианг ректори Донишкадаро ҷиҳати иштирок ба Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Таълими технология ва муҳандисӣ (K–12) ва таҳсилоти STEM дар давраи зеҳни сунъӣ: Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ», ки рӯзҳои 5–8 декабри соли 2026 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, даъват намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷрибаи пешқадам, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар раванди рушди касбии омӯзгорон баррасӣ намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда ба мувофиқа расиданд. Ҳамзамон, ректори Донишкада бо директори литсейҳои президентии Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар намояндагони соҳаи маорифи ин кишвар мулоқотҳои судманд анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои муассисаҳои таълимӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва рушди ҳамкориҳо дар самти такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, намояндагони ҷониби Қазоқистон барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои рушди касбии омӯзгорон ва муосирсозии низоми такмили ихтисос, ки баргузории он аз ҷониби Донишкада дар нимаи аввали моҳи декабри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, даъват карда шуданд. Мулоқоту вохӯриҳои мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, ҷалби таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нави ҳамкориҳои судманд ҷиҳати баланд бардоштани сифати рушди касбии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф арзёбӣ мегарданд.

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МУОСИРСОЗИИ РАВАНДИ РУШДИ МАҲОРАТИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ