Дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мизи гирд оид ба “Таҳлили фунсионалии барномаҳои амалкунандаи курсҳои такмил ихтисоси Ҷумҳурии Қирғизистон” баррасӣ гардид, ки дар он намояндагони Донишкада ширкат намуданд. Аз ҷониби мутахассисони Қирғизистон натиҷаҳои арзёбии барномаҳои амалкунандаи курсҳои такмили ихтисос мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар муаррифии масъалаи мазкур дар баробари дастовардҳо ҳамзамон, мушкилот ва норасогиҳо дар раванди таҳия ва амалинамоии барномаҳои амалкунанда ва механизми гузаронидани таҳқиқоти функсионалӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар он аз ҷониби иштирокчиён оид ба муҳтавои муаррифи фикру хулосаҳо ва таклифу пешниҳодҳо аз таҷрибаҳои корӣ таклифҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода оид ба таҷрибаи мавҷудаи гузаштан ба низоми омӯзишҳои модулӣ ва раванди таҳияи маҷмӯи маводдӣ таълимӣ (шакли модулии курсҳои такмили ихтисос) баромад намуда, таклиф ба амал овард, ки таҷрибаи муассисаҳои такмили ихтисоси кишварҳои ҳамсоя дар арзёбӣ ва таҷдиди маводи омӯзишҳо ҷанбаи омӯзишӣ дошта, дар доираи ҳамкориҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани мазмуни маҷмуи маводи омӯзишҳои модулӣ чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ гардад. Ҷиҳати баргузор намудани чунин арзёбиҳои маҷмӯи маводӣ таълимӣ ва баргузории механизмӣ амалии он ҳамкории муштараки мутахассисон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба манфиати кор буда, маводди таълимӣ бодарназардошти рушди рақамикунонӣ ва ниёзи омӯзгорон таҷдиди назар мегардад. Дар фарҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи ҳамкориҳо чунин таҷрибаивазкуниҳоро роҳандозӣ намуда, дар баланд гардидани сифати таҳсилот ва муосирсозии низоми такмили ихтисоси омӯзгорон саҳми худро мегузоранд.



