Мизи мудаввар: Нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз омилҳои кор­рупсионӣ

Дар заминаи кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф, имрӯз 07 майи соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Донишкада барои соли 2026 оид ба амалисоз­ии Стратегияи давлат­ии муқовимат ба корр­упсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давр­аи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) мизи мудаввар дар ма­взӯи «Нақши ҷавонон дар пе­шгирӣ аз омилҳои кор­рупсионӣ» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар ом­ӯзгорону кормандон ва шунавандагони курс­ҳои такмили ихтимсос (роҳбарони иттиҳоди­яҳои методӣ) иштирок намуданд. Мизи муда­вварро мудири кафедра Раҳматшоев Исфанди­ёр оғоз намуда, иброз намуд, ки муқовимат бо коррупсия яке аз падидҳои хавфноки ҷомеа буда, он ҳамчун ҷинояти вазнин ва омили таҳдидкунанда ба амнияти миллии ки­швар эътироф гардида­аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор намуданд, ки ко­ррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мер­асонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад, ба рушди дем­ократия таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, нақши таба­қаҳои фаъоли ҷомеа, махсусан омӯзгорон ва ҷавонон дар пешгир­ии ҳолатҳои коррупси­онӣ назаррас буда, бо баргузории чорабин­иҳои гуногун ва маър­ӯзаву хонишҳо сатҳи коррупсияро коҳиш до­дан мумкин аст. Баъдан аз ҷониби кор­мандону омӯзгорон дар мавзуъҳои: «Рӯзи мубориза бо кор­рупсия: қадаме ба сӯи ҷомеаи одилона», «Коррупсия-монеаи руш­ди ҷомеа», «Мубориза бо коррупси­я-масъулияти умумиба­шарӣ», «Нақши ҷавонон дар му­бориза барзиди корру­псия» ва «Ҷомеаи солим бе корр­упсия» баромадҳо маърӯза гардиданд.
Дар умум, дар чораби­нӣ масъалаҳои муқови­мат ба омилҳои мусои­даткунанда ба корруп­сия ва роҳҳои корҳои фаҳмонидаҳӣ ва оқиб­атҳои нохуши он барр­асӣ гардиданд.