Санаи 5-уми феврали соли 2026 ректори Донишкада бо гурӯҳи таҳиякунандагони маводи омӯзишҳои рақамӣ (бо истифода аз платформаи омӯзишии Moodle) ва навоварони Донишкада мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот муовинони ректор, директорони филиалҳо ва аъзоёни гурӯҳи корӣ, ки таҳияи маводи омӯзишҳои рақамӣ машғуланд, иштирок карданд. Нахуст ректори Донишкада иштирокчиёни мулоқотро бо ҳадафҳои Донишкада дар самти татбиқи рақамикунонии низоми муосири такмили ихтисос ва зеҳни сунъӣ, ки дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф роҳандозӣ гардидааст, ҳамзамон, сохтор модулҳои омӯзишӣ, ҳифзи мониторинг, таҳлили пешрафт ва таъмини устувории омӯзиш суханронӣ намуд. Дар давоми мулоқот аъзоёни гурӯҳ, ки ба таҳияи маводи омӯзишҳои рақамӣ (бо истифода аз платформаи омӯзишии Донишкада Moodle) машғуланд, доир ба самтҳои кории худ, имкониятҳои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, шароити пешбурди корҳо, роҳҳои татбиқи барномаҳои платформа дар раванди курсҳо иброз намуданд. Сипас, ректори Донишкада роҳҳои амалии платформаҳои рақамӣ, имконият ва натиҷаҳои интизоршавандаро муайян карда, барои пешбурди фаъолият ба аъзоёни гурӯҳ тавсияҳои муфид дод.








