





#Баррасии мавзуъҳои зерин дар форуми «ОМӮЗГОРИ ҶАВОН-РОҲ БА СӮЙИ МУВАФФАҚИЯТ»:
- Нақши STEM дар рушди малакаҳои асосии хонандагон ва баланд бардоштани сифати таълим;
- Роҳҳои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар раванди таълиму тарбияи наврасон: имконият ва бартариҳо;
- Усулҳои татбиқи принсипҳои таҳсилоти фарогир дар ҷараёни таълим: ташкили муҳити мусоиди таълим;
- Арзёбии ташаккулдиҳанда ва меъёрӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим: усул, стратегия ва таҷрибаҳо;
- Роҳҳои инноватсионии баланд бардоштани маҳорати касбӣ бо истифода аз платформаҳои рақамӣ;
- Муносибати босалоҳият дар таълим: унсурҳои асосӣ, ташаккули салоҳиятҳои калидӣ. Аз ҷониби омӯзгорони таҷрибадори Донишкада ва филиали он дар шаҳри Душанбе ба омӯзгорони ҷавони шаҳри Душанбе, ки бори нахуст ба муассисаи таълими ба фаъолият оғоз мекунанд, баррасӣ гардиданд. Чунин мавзуҳо дар дигар бахшҳо низ мавриди омӯзиш қарор доранд. (21.08.2025).
