Мизи мудаввар: Ҷавонон қувваи асосии зиддии коррупсия

Имрӯз, 22 майи соли 2026 бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Донишкада мизи мудаввар баргузор гардид. Мизи мудавварро муовини ректори Донишкад, Абдусаттор Наҷмиддиниён ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо як сохтор набуда, балки масъулияти тамоми ҷомеа, махсусан ҷавонон аст. Ҷавонон, ки қисми зиёди аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, дорои нерӯи зеҳнӣ, ахлоқи тоза ва ҷаҳонбинии нав мебошанд. Маҳз ҳамин омилҳо имкон медиҳанд, ки онҳо дар мубориза бар зидди коррупсия саҳми назаррас гузоранд.

Дар идомаи мизи мудаввар дар мавзуъи «Коррупсия — заминаи маҳви давлат», сардори раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкада Манучеҳр Ҳабибзода, дар мавзуъи «Арзишмеҳварӣ ҳамчун заминаи муҳимми муқовимат бо коррупсия», сардори раёсати таълимӣ-методӣ Субҳон Комилов, дар мавзуъи «Тавсифи коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб барои ҷавонон» мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ Манучеҳра Ҷумахонова, дар мавзуъи «Таърихи пайдоиши коррупсия ва нақши ҷавонон дар муқовимат ба он» ҳуқуқшиносӣ Донишкада Дилоро Юлдошева маърӯза намуда, дар он таъкид намудад, ки нақши ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва муқовимат ба амалҳои коррупсионӣ муҳим аст.

Инчунин, аз ҷониби шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар мавзуъҳои «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи мубориза бо коррупсия», «Коррупсия дар соҳаи маориф» ва «Роҳҳои пешгирии коррупсия дар муассисаҳои таълимӣ» маърӯзаҳо ироа гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён буклету варақаҳои тарғиботӣ тақсим гардида, видеороликҳо ва филмҳои мустанад вобаста ба ҳолатҳои коррупсионӣ ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокчиён доир ба наворҳо фикру андешаҳои худро баён намуданд.