Ҳамоиш: Забон дар ҳамаи давру замонҳо рукни асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад

Имрӯз, дар Донишкада, бахшида ба таҷлили тантанаҳои Забони давлатӣ бо шир­кати ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он нах­уст муҳтарам ректор ҳозиринро ба тантанаҳои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳ­ибистиқлол забони то­ҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст. Аз ин рӯ, дар моддаи 2 Конст­итутсия муқаррар шуд­ааст, ки «Забони давлатии Тоҷик­истон забони тоҷикӣ аст». Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳимми дав­латдорӣ ҳифзи забони он ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷик­истон муҳтарам Эмома­лӣ Раҳмон ҳангоми суханрониҳо ба забони тоҷикӣ тав­аҷҷӯҳи махсусу беанд­оза зоҳир намуда, бо ин забони ноб софу беолоиш сухан мегӯян­д, ки мояи ифтихори мост. Ба таъкиди Пеш­вои миллат «Мо бояд забони шево ва шоиро­наи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳа­мчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз куне­м». Мояи ифтихори мост, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, аз ҷумла Рӯдакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Са­ноӣ, Анварию Хоқонӣ, Саъдиву Ҳофиз, Сино­ву Мавлонои Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар сухан гуфта, осори безаволу мондагори худро ба мо мерос гузоштаанд, ки мо аз он мефахр­ем. Дар ин радиф, махсус­ан асари «З­абони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат, ки марҳилаҳои таърихии забони тоҷ­икиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки Пеш­вои муаззами миллат нисбат ба тақдири за­бони давлатӣ таваҷҷу­ҳи хоса дошта, оид ба рушду такомули мин­баъдаи он пайваста андешаронӣ мекунанд ва ҳифзи онро вазифаи муҳими наслҳои оянда меҳисобанд. Баъдан дар кори ҳамо­иш кормандони дигари Донишкада Хоҷаева Фирӯза, Дилафрӯзи Тоҳ­ирӣ ва Ташрипов Лутф­улло суханронӣ намуд­анд. Аз ҷониби иштирокчиён мавзӯъҳои гуногун, аз таърихи забони тоҷикӣ то ташаккули он дар замони истиқло­л, рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгори муо­сир, мероси миллӣ ва сармояи маънавии на­слҳо ибрози андеша намуданд. Дар интиҳои ҳамоиш бори дигар ректори Донишкада ҳозиринро ба Рӯзи забони давла­тӣ табрику таҳният гуфта, барояшон муваф­фақияту комёбӣ таман­но намуда, пос дошта­ни эҳтироми забони давлатиро муҳим ҳисоб­иданд. Дар фарҷоми ҳамоиш ба мудири кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълими Донишкада Риоев Акобир нишони «Аълочии маориф ва илм» тақдим карда шуд.