Филиали ВМКБ

Директори ФДҶТИВБКСМ дар ВМКБ

Раҳимдод Азизбеков

 

 

 

Филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар ВМКБ 

      Филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” ки айни замон бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, коркарди таҷрибаҳои пешқдами педагогӣ ва татбиқ кардани онҳо, расонидани кӯмакҳои методӣ ба омӯзгорон ва татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф фаъолит карда истодааст, таърихи беш аз ҳаштодсола дошта, вобаста ба талаботи замон чанд сохтор ва мақоми худро иваз кардааст, аммо рисолати аслиаш ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст.

      Аз ҷумла, соли 1936   дар назди  Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон шуъбаи алоҳида дар шаҳри Хоруғ таъсис дода шуд, ки он  то соли 1957 фаъолият намуд.

Соли 1957 бошад, бо ба назар гирифтани ниёзи омӯзгорон ба бозомӯзӣ Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон ва Комитети Иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ВМКБ соли 1957 Донишкадаи такмили ихтисоси вилоятро таъсис дод ва яке аз маорифчиёни варзидаи вилоят Ёрмамадов Шодихонро директори он таъин намуд.

Соли 1996 бошад, Донишкадаи такмили ихтисоси вилоят ба Маркази методии омӯзгорони ВМКБ табдил дода шуд ва то соли 1998 дар ҳамин мақом фаъолият кард.

Солҳои 1998-1999 бошад, номи ин муассиса тағйир ёфт ва Маркази рушди касбии омӯзгорони ВМКБ номгузорӣ шуд.

Аз соли 2000 то 2014-ум бошад ин муассиса бо номи Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ фаъолият карда буд.

Аз соли 2015 то инҷониб ҳамчун  Филиали муассисаи давлатии “ Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф”   дар ВМКБ фаъолият карда истодааст.

Аз таърихи раванди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ

  • Солҳои 1936 оғози курсҳои кутоҳмуддати тайёркунӣ ва бозомӯзии омӯзгорон барои муассисаҳои таълимии ВМКБ.
  • Соли 1958 Донишкада барои тайёр намудани муаллимони фанҳои физика ва риёзӣ курсҳои 6-моҳа кушод, ки дар онҳо асосан ҷавонону духтарон аз навоҳии дурдаст таҳсил мекарданд.
  • Соли 1959 курсҳои семоҳаи муаллимтайёркуниро 60 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ барои синфҳои I-IV хатм карданд.
  • Солҳои 1957-1962 дар Донишкада 982- нафар такмили касб карда бошанд, солҳои 1962-1965 шумораи онҳо ба 2819- нафар расид.
  • Соли 1962- 35 нафари хатмкунандагони курсҳои семоҳа ба тадриси забони русӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят оғоз намуданд.
  • Солҳои 1970-1975 бо нав шудан ва тағйир ёфтани барномаҳои такмили касб омӯзгорон баъди ҳар панҷ сол ба курсҳои якмоҳа фаро гирифта шуданд.
  • Аз соли 1978 омӯзгорон супоришҳои пеш аз такмили ихтисос гирифтанд, ки масъулияти бозомӯзӣ ва худомӯзиашонро зиёд намуд.
  • Соли таҳсили 1996-1997 Маркази методии омӯзгорони ВМКБ дар 14- мактаби такягоҳӣ бо фарогирии 248-нафар, дар 10 мактаб таҷрибаи пешқадам бо фарогирии 89-нафар ва 363 иттиҳоди методиро роҳандозӣ намуд.
  • Соли 1998 дар заминаи МРКО курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон ташкил шуданд.
  • Соли 2002 курсҳои такмили ихтисос дар мавзуъҳои «Менеҷмент ва сарварӣ дар соҳаи маориф», «Ҷалби аҳли ҷомеа ба мактаб», «Дастгирии педагогии волидайн», «Менеҷменти молиявӣ дар соҳаи маориф» гузаронида шуданд.
  • Соли 2006 «Барномаи дурнамои Донишкада оид ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф барои солҳои 2006-2012» (барои 6 сол) қабул гардид.
  • Солҳои 2006-2015 дар Донишкада 854 курсу семинарҳо бо фарогирии 16901 нафар шунаванда баргузор гардиданд.
  • Соли 2016 аз курсҳои такмили ихтисос муаллимони ҷавони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ гузаронида шуданд.

Фаъолиятҳои илмӣ-методӣ

  • Соли 1962 барои муаллимон рӯзи методӣ муайян карда шуд, ки дар ин рӯз омӯзгорон фориғ аз дарс , дар шаклҳои мухталифи корҳои методӣ савияи педагогӣ ва худомӯзии худро баланд бардоштанд.
  • Соли 1997 дар таърихи маорифи вилоят аввалин маротиба чопи варақаи иттилотӣ-методӣ бо номи «Раҳнамо», ба мақсади такмили тахассуси касбии муаллимон ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин ба роҳ монда шуд. Баъдтар он бо номи маҷаллаи «Мӯнис» ва аз моҳи январи соли 2008 то ин ҷониб он бо номи «Раҳнамои омӯзгор» нашр мешавад.
  • Солҳои 2003 – 2006 -ум дар Тоҷикистон барномаи стратегӣ бо номи “Барномаи рушди маълумоти ибтидоӣ дар Тоҷикистон” қабул гардид, ки иҷрокунандаи асосии он Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ буд. Дар ин муддат донишкада мактабҳои такягоҳии ВМКБ, вилояти Хатлон (ноҳияҳои Шурообод, Мӯъминобод, Ховалинг) ва дар водии Қаротегин (Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Роғун) – ро аз ҷиҳати моддӣ – техникӣ ва методӣ пурқувват намуд.
  • Солҳои 2003 -2004 тавассути «Барномаи рушди маълумоти ибтидоӣ дар Тоҷикистон» Маркази маводҳои таълимӣ дар 51 мактаби ВМКБ, водии Рашт ва вилояти Хатлон кушода шуданд.
  • Соли 2004 — 111 номгӯй дастурҳое, ки аз тарафи кормандони донишкада ва омӯзгорони мактабҳои вилоят оид ба ҳамаи фанҳои таълимӣ навишта шуда буданд, бо қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, барои истифода дастраси мактабҳои ҷумҳурӣ гардиданд.
  • Солҳои 2006 – 2009 дар донишкада барномаи «Таълиму тарбияи тандурустӣ» амал намуда, тавассути он хонандагони синфҳои 4 ва 7-и ҳамаи мактабҳои вилоят донишу малакаҳои худро оид ба тарзи ҳаёти солим, муҳофизати бадан аз бемориҳои сирояткунанда, нашъамандӣ ва роҳҳои пешгирии он такмил доданд.
  • Соли 2006 барнома бо унвони «Омӯзиш барои падару модар» аз тарафи донишкада амалӣ шуд. Мундариҷаи ин барнома аз баланд бардоштани фаҳмиши падару модар оид ба рушди барвақтии кӯдак ва расондани кӯмак ба кӯдакони хурдсол ҳамчун тайёрӣ ба мактаб равона шуд.
  • Соли 2007 дар назди донишкада ташкилоти ҷамъиятии омӯзгорони эҷодкори вилоят бо номи «Падида» ташкил ёфта, маҷмуи мақолаҳои аъзоёни ин ташкилот бо номи «Чакидаҳои эҷодӣ» чоп гардид.
  • Соли 2009 дар заминаи донишкада филиали Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
  • Соли 2009 5 нафар кормандони донишкада ҳамчун ғолибони озмун дар навиштани китобҳои дарсии насли нав барои синфҳо ибтидоӣ иштирок намуданд.
  • Соли 2022 дар 6 нафар омӯзгорон  рисолаҳои номзадиро ҳимоя карда, ба гирифтани унвони номзади илм мушарраф гардиданд.
  • 2023 ду нафар корманд унвонҷуи институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ мебошанд.