Филиали ш. Бохтар

Директори ФДҶТИБКСМ дар ш. Бохтар

Муҳаммадҷон Шарипов

      

Аз таърихи филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

Филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  дар самти боло бардоштани мањорати касбї ва сатњи маърифатии омўзгорони муассисањои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониши омўзгорону хонандагон фаъолият намуда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намудааст.

          Филиали донишкада соли 1960 ташкил ёфтааст. Солњои мављудият донишкада чанд маротиба тағири ном, мақом, сохтор ва суроға кард, вале курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок пайваста баргузор мегардиданд.     

 

          Маврид ба зикраст, ки Институти байниноҳиявии такмили ихтисоси муаллимон дар водии Вахш 1-уми октябри соли 1960 ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Институт ҳангоми ба кор шурӯъ кардан Институти байниноҳиявӣ ном дошта, аз 5 кабинети таълимию методӣ иборат буд:

—  забон ва адабиёти ӯзбек;

— забон ва адабиёти рус;

— синфҳои ибтидоӣ;

— таъриху география;

— лабораторияи сайёр.

Институт ҷиҳати хизматрасонӣ ба шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа (њозира Бохтар), Вахш, Дўстӣ, Ҷ.Балхӣ, А.Ҷомӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус ва Ёвон фаъолият мекард. Институт соли ба фаъолият шурӯъ намудан (1960) танҳо 147 нафар омӯзгоронро аз курсу семинарҳо гузаронида буд. Солҳои минбаъда ин шумора  сол ба сол меафзуд.

          Солҳои 1944 Қӯрғонтеппа то январи соли 1947 ба вилояти Қўрғонтеппа табдил ёфта буд. Вазифаи Институти такмили ихтисоси муаллимонро то ташкили донишкада (1960) кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳо, Институти марказии такмили ихтисоси муаллимони Ҷумҳурии Шўравии  Сотсиалистии  Тоҷикистон ва семинарҳои сайёр адо менамуд.

         Институти такмили ихтисоси муаллимон солҳои 1978 ба Институти вилоятии такмили ихтисоси муаллимони Қўрғонтеппа табдил дода шуд. Аз даҳҳо кабинетҳои таълимӣ: забон ва адабиёти тоҷик, ӯзбек, рус, забони давлатӣ, англисӣ, алифбои ниёгон, математика, физика ва нуҷум, химия, биологияву табиатшиносӣ, кадрҳои роҳбарикунандаи мудирони мактабу муовинони илмӣ ва тарбиявӣ, муаллимони суруду мусиқї, таълими меҳнат, китобдорӣ, инноватсия ва мактабҳои типи нав иборат буда, ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон; Қурғонтеппа, Вахш, Бохтар, Сарбанд (њозира Левакант), Панҷ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Дўстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Н.Хусрав, Хуросон, А.Ҷомӣ, Ёвон ва Норак хизмат мерасонид. Теъдоди хизматрасони ба бештар ба 2 ҳазор нафар расида бошад, ҳам ба талаботи давру замон он вақт ҷавобгӯ набуд.

       Соли 1988 Донишкада ба Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон, соли 1989 ба Донишкадаи такмили ихтисосии муаллимони вилояти Қӯрғонтеппа ва аз соли 1993 то 2014 ба Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маорифи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон табдил дода шуд. Солҳои 2004-2005 бошад ҳангоми сарварии Хайриниссо Темирова Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ба Маракази такмили ихтисос табдил дода шуда буд. Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маорифи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳангоми сарварии Л.Ќ.Назирова ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30-юми майи соли  2014, №345 Донишкада ба «Филиали Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф» дар  шањри Бохтари вилояти Хатлон табдил дода шуд. Ин  аст, ки сохтори Донишкада низ  ба пуррагї таѓйир ёфт ва аз  системаи кабинетї  ба  системаи кафедравї гузашт.  Айни замон дар  донишкада се кафедра:- кафедраи методикаи таълим дар муассисањои томактабї, ибтидої ва миёнаи умумї, кафедраи методикаи таълими фанњои љамиятї — гуманитарї ва кафедраи методикаи таълими фанњои табиї — риёзї амал мекунанд. Дар баробари ин, љињати ташкил намудани курсњои такмили ихтисос ва семинарњои маќсаднок шуъбаи таълим низ таъсис дода шуд.

   Айни њол филиали Донишкада ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Кўшониён, Вахш, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дўстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Хуросон, Абдурањмони Ҷомӣ ва Ёвони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон  хизмат мерасонад.

 

   Ба фаъолияти таълимӣ, методӣ, моливӣ ва хоҷагии Донишкада Маҳмуд Қодиров солҳои 1960-1963, Ғоиб Баротов солҳои 1964-1981, Муҳаммадљон Тоҳиров солҳои 1981-1993, Шодов Маҳмуд 1993-2000, Амирсаидов Зубайдулло 2000-2007, Қарабоев Сангмаҳмад солҳои 2007-2013 роњбарї доштанд. Аз соли 2013 то инљониб директори филиали Донишкадаро  Муҳаммадҷон Шарипов ба ўњда дорад.

 

     Соли 1960 дар шаҳри Қўрғонтеппа Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони байниноҳиявӣ таъсис дода шуд ва сарварии онро Маҳмуд Қодиров ба ўњда дошт. Маҳмуд Қодиров солҳои 1960-1963 ба донишкада роҳбарӣ намуда, ба такмили ихтисос ва раванди корҳои таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти махсус дода, ҳамкориро бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мустаҳкам намуд.

     Ғоиб Баротов солҳои 1963-1981 вазифаи раиси Иттифоқи касабаи коркунони маъорифи шаҳри Қӯрғонтеппа адоӣ вазифа намудааст. Ғоиб Баротов аз вазифаи раиси иттифоқҳои касаба ба вазифаи директори Донишкада таъин гашта солҳои 1964-1981 фаъолият менамояд. Ғоиб Баротов итминони комил дошт, ки роҳбари кордону бо маърифат ва заҳмат пеша дар кадом вазъияти мушкиле қарор надошта бошад ҳам, бо дастгирии ҳамкорон мушкилотро бартараф карда метавонад.

     Тоҳиров Муҳаммадҷон соли 1981 ба вазифаи директори донишкада таъин гардида то соли 1993 фаъолият намудааст. Ӯ ҳамчун омӯзгори соҳибтаҷриба хуб медонист, ки барои баланд бардоштану такмили маҳорати касбии муаллимон ҳамаи шароитҳои зарурирро фароҳам овардан зарур аст. Корҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар давраи ў самарабахш гардонида шуда буд. Курсу семинарҳои такмили ихтисос ва кормандони соҳа сол ба сол зиёд гардиданд.

    Солҳои 1993-2000 ҷангӣ шаҳрвандӣ, ки ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳисороти зиёди ҷонию моддӣ ва маънавӣ расонида буд, дар ин вақт ба Донишкада Шодов Маҳмуд сарварӣ менамуд. Мавсуф қарзи муҳим ва вазифаи масъули худро њамчун тарбиятгар дар таълими шунавандагон босамимият адо намуда, дар рўҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ рушд ёфтани онњо сањми беандоза гузоштааст.

     Зубайдулло Амирсаидов аз солҳои 2000-2007 роҳабари донишкада фаъолият намуда, дар таъмири кабинетҳои методӣ ва роҳравҳо, мустақилияти муҳосибот (бухгалтерия)-и донишкада ва таъмир кардани боми донишкада ҳисса гузоштааст.

     Қарабоев Сангмањмад аз соли 2007 то соли 2013 роҳбари Донишкада буд. Дар ин муддат ӯ фаъолияти хешро аз таъмиру ободонии гирду атроф, шинонидану пайванд кардани дарахтон ва таҷҳизонидани кабинетҳо оғоз намуда, дар ин самт корњои муйянеро ба сомон расонидааст.

     Муҳаммадҷон Шарипов аз моњи июни соли 2013 то инљониб дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба њайси директор кору фаъолият дорад.

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва ом
ӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

          Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»           (аз  23.12.2022).