Даври минтақавии озмуни “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024” барои шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид

Ҳамасола дар саросари кишвар бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири ҷалби наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон озмунҳои гуногун сатҳ доир мегардад, ки дар он истеъдодҳои омӯзгорону муҳаққиқон ва наврасону ҷавонон муайян ва кашф мегарданд. Аз ҷумла, ҳамасола озмунҳои “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон”, ки бевосита зери назорати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардида, ғолибон муайян ва ҳамчун омӯзгорони беҳтарин муаррифӣ мегарданд. Аз ҷумла, ҳамасола даври минтақавии озмунҳои «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва «Мураббии соли Тоҷикистон» барои шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур дар Донишкада баргузор ва ҷамъбаст мегарданд. Озмуни даври минтақавии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” низ, ки имсол (23-26 апрели соли 2024) дар Донишкада ҷараён дошт, имрӯз ҷамъбаст гардид. Озмун мутобиқи талаботи Низомномаи он ташкил ва роҳандозӣ гардида, ҷиҳати дар сатҳи касбӣ, одилона ва шаффову беғаразона баргузор гардидани он тамоми чораҳо андешида шуданд. Барои иштирок дар озмун аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури 13 дархост ҷиҳати иштироки омӯзгорон пешниҳод гардида буд. Мутобиқи талаботи банди 7-и Низомномаи озмун он аз рўи 7 шарт гузаронида шуд. Корҳои амалии озмун дар МТМУ №35 ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе баргузор гардид. Дар асоси хулосаи аъзои ҳакамон омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ № 64-и ноҳияи Варзоб Ширматова Наргис Назаровна, ғолиби даври минтақавии “Озмуни омӯзгори соли Тоҷикистон-2024” сазовор дониста шуд. Бо мақсади холисона ва шаффоф баргузор гардидани ҷараёни озмун раванди он пурра сабт гардид. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдулзода Зиёдулло, бори дигар таъкид гардид, ки иштирок дар озмун ин худ ғолибият мебошад. Баъдан ҳамаи иштирокчиён ва ғолиби озмун андешаҳои худро аз раванди баргузории озмун иброз намуда, аз ҷониби раиси ҳакамон кори озмун ҷамъбаст ва рафти он пӯшида эълон гардид. Дар фарҷом раиси Кумитаи тадорукори озмун, ректори Донишкада муҳтарам Наврӯз Мирзозода ғамхориҳои давлату ҳукумат ва Вазорати маориф ва илмро ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа бори дигар қайд намуда, барои ҳамаи он нафароне, ки дар озмун ширкат варзидан сиҳатмандиву сарбаландиро орзу намуда, барои ғолиб ба давраи ниҳои озмун барору комёбӣ таманно намуд.