Имрӯз, 9-феврали соли 2026 дар Донишкада дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои 25 нафар мутахассисони Донишкада ва филиалҳои он курси забони англисӣ оғоз гардид. Курс аз қисматҳои мазкур: нақши тренер-педагог, марҳилаҳои омӯзиш, аз руйи асосҳои шахс ва ниёзи шунавандагон, сохтори омӯзишҳо, намудҳои маводди тақсимоти дар ҷараёни машғулият, роҳҳои омӯзиши ба шунаванда нигаронидашуда, ташкили баргузории машғулият тибқи талабот, назорати раванди дарс ва малакаҳои фасилитатор таҷрибаи бараъкс ва омодагиҳо ба микротренинг иборат мебошад. Курси мазкур дар доираи ҳамкориҳо бо лоиҳаи «Суръати омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» (AELLCA) ба роҳ монда шуда, он то 11 феврали соли 2026 идома меёбад. Курси мазкур идомаи силсила омӯзишҳои Донишкада мебошад, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2025 байни ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода бо менеҷери лоиҳа –Эмма Ҷайн, роҳбари минтақавии Шурои бритониёӣ — Ҷамила Ғуломова, директори Донишкадаи омӯзиши забонҳои Норвичи Британияи Кабир ва намояндаи Шурои бритониёии Тоҷикистон Алишер Ҷабборов ба тавоқуф расида буданд.
PS: Хотиррасон менамоем, ки барномаи мазкур ҷанбаи методӣ дошта дар омӯзиши дигар барномаҳои таълимӣ низ самаранок истифода мегардад





