Муқовимат ба коррупсия

https://www.anticorruption.tj/index.php/tj

ҶАЛАСА ОИД БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ БА КОРРУПСИЯ МУСОИДАТКУНАНДА

Дар Донишкада ҷаласа оид ба пешгирии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва роҳҳои бартараф намудани онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода роҳбарият ва кормандону омӯзгорон иштирок доштанд.
Ректор Донишкада Наврӯз Мирзозода бо кушода эълон намудани ҷаласа доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои мусоидаткунанда ба содир намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ибрози назар кард. Қайд гардид, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастаҷамъонаро талаб менамояд. Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки дар ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ варақаҳои иттилоотонӣ насб гардонида шавад. Ҳамзамон, ба масъулин дастур дода шуд, ки дар ошёнаи якуми бино қуттии арзу шикоятҳои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос гузошта шавад. То ҳар нафар тавонад, арзу шикоят ва ё ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо талаб ва ё ҳолати коррупсионӣ ба унвони роҳбарияти Донишкада хаттӣ муроҷиат на

ҶАЛАСАИ КОРӢ: ТАКЯ БА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Рўзи 08 январи соли 2026, дар Донишкада ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии коррупсионӣ ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода шуд. Ҳадафи ҷаласа баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон, таҳкими шаффофият ва таъмини фаъолияти қонунманд дар ҳамаи зинаҳои фаъолияти муассиса арзёбӣ гардид.

Дар ҷаласа ҳуқуқшиноси Донишкада Д. Юлдашева бо маърӯзаи муфассал баромад намуда, мафҳум ва шаклҳои асосии коррупсия, омилҳои ба вуҷудорандаи он ва паёмадҳои манфии иҷтимоиву ҳуқуқии ин падидаро шарҳ дод. Зимни баромад таъкид гардид, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди соҳаи маориф ба шумор рафта, ба паст гардидани эътимоди ҷомеа, коҳиши сифати хизматрасонӣ ва халалдор шудани принсипҳои адолат оварда мерасонад.

Ҳуқуқшинос инчунин оид ба меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, масъулияти маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин уҳдадориҳои хизматии кормандон маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки ҳар як корманд бояд аз истифодаи мақоми хизматӣ ба манфиати шахсӣ худдорӣ намуда, принсипҳои ростқавлӣ, бетарафӣ ва масъулиятро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳад.

Дар ҷаласа ба масъалаи пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти ҳаррӯза таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар идома таъкид гардид, ки роҳбарони сохторҳо вазифадоранд муҳити солими зиддикоррупсиониро дар воҳидҳои худ ташаккул дода, корҳои фаҳмондадиҳиро пайваста ба роҳ монанд.

Дар фарҷоми ҷаласа иштирокчиён зарурати тақвияти тадбирҳои пешгирикунанда, риояи қатъии қонунгузорӣ ва таҳкими фарҳанги зиддикоррупсиониро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи дастаҷамъӣ буда, саҳми фаъолонаи ҳар як кормандро талаб менамояд.