ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ:

РАҚАМИКУНОНИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС – ЗАМИНАИ РУШДИ МАОРИФИ МУОСИР

Дар шароити рӯйи кор омадани талаботи нав дар бозори меҳнат, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, пайдо гардидани зарурати таъмини рақамикунонӣ дар идоракунӣ ва раванди таълиму тарбия ва вазъияти печидаи ҷаҳони муосир рақамикунонии тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи маориф ба зарурати стратегӣ табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки зарурати муосиркунонии маорифи миллӣ аз масъалаҳои муҳимму асосӣ ба ҳисоб рафта, дар ин маврид нисбат ба он ҳамчун самти афзалиятнок тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.

Масъалаи мазкур таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд: «Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд»[1].

Дар ин замина, рақамикунонии такмили ихтисоси омӯзгорон на танҳо воситаи навсозии шакл ва мазмуни таълим, балки омили муҳимми рушди устувори низоми маориф низ ба ҳисоб меравад, зеро нахуст ҳар гуна ислоҳоти маориф тавассути омӯзгор амалӣ мегардад. Мушоҳидаҳо баёнгари онанд, ки коркарди барномаҳо, стандарт ва технологияҳо бе омодагии касбии омӯзгор натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Сифати таҳсилот, пеш аз ҳама, аз сатҳи касбияти омӯзгор вобастагии мустақим дошта, метавон гуфт, ки агар омӯзгор тағйир наёбад, низоми маориф низ тағйир намеёбад. Дигар ин ки дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ табиист, ки муҳтавои таълим зуд куҳна мешавад. Дар ин сурат такмили ихтисос механизмест, ки омӯзгорро бо донишҳои нав, усулҳои муосир ва салоҳиятҳои рақамӣ мусаллаҳ мегар-донад. Ҳамзамон, такмили ихтисос механизми бевоситаи таъсиррасонӣ ба сифати таҳсилот буда, пеш аз ҳама, ба беҳтар шудани сатҳи методика, истифодаи технологияҳои интерак-тивӣ, ҷорӣ намудани арзёбии муосир ва рушди тафаккури таҳлилии омӯзгорон мусоидат мекунад. Илова бар ин, ҳар як барномаи нави давлатӣ, стандарт ё консепсияи таълимӣ маҳз тавассути курсҳои такмили ихтисос татбиқ мегардад, ки он баёнгари нақши пул байни сиёсат ва амалияро иҷро кардани муассисаҳои такмили ихтисос мебошад. Мушоҳидаҳои амалӣ баёнгари онанд, ки барои таъмини рушди устувори маориф омӯзгор бояд қобилияти мутобиқшавӣ ба тағйироту ислоҳот дар соҳаро дошта бошад. Вобаста ба ин, такмили ихтисос имкони рушди пайваста ва муттасили касбиро таъмин менамояд. Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки бахши такмили ихтисоси омӯзгорон дар саргаҳи муосиркунонии маорифи миллӣ қарор дошта, механизми асосии татбиқи ислоҳот, рушди салоҳиятҳои рақамӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад ва бе рушди пайвастаи омӯзгор, ислоҳоти системавӣ наметавонад устувор бошад. Дар навбати худ рушди устувори соҳаи маориф бевосита ба сатҳи омодагии касбии омӯзгорон вобаста мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «бояд ба масъалаҳои аз такмили ихисос гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорону хонандагон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир карда шавад»[2].

Имрӯзҳо, бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, дар самти рақамикунонии маориф ҳанӯз як қатор мушкилот боқӣ мондааст. Аз ҷумла:

— сатҳи нобаробари саводнокии рақамии омӯзгорон;

— дорои маҳорати кофии кор бо платформаҳои рақамӣ набудани қисме аз омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

— то ҷое мавҷуд будани маҳдудияти дастрасӣ ба платформаҳои муосири таълимӣ ва амсоли инҳо.

Дар чунин шароит зарурати таҳияи модели муосири рақамикунонии такмили ихтисосе ба миён меояд, ки тавонад рушди касбии омӯзгоронро дар асоси технологияҳои рақамӣ таъмин намояд. Рақамикунонӣ дар соҳаи такмили ихтисос ба маънои ворид намудани технологияҳои рақамӣ ба тамоми марҳалаҳои омӯзиш аз банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим то мониторинг ва арзёбии натиҷаҳо мебошад. Ин раванд ба ташаккули муҳити нави таълимӣ мусоидат намуда, имконоти омӯзиши фосилавӣ, омехта ва худомӯзиро фароҳам меорад, ки дар натиҷа омӯзгорон на танҳо истифодабарандаи технология, балки субъекти фаъоли муҳити рақамӣ мегарданд. Аз ин нуқтаи назар, маҳз ин раванд ба рушди салоҳиятҳои рақамӣ ва методии омӯзгорон мусоидат мекунад.

Ҷиҳати даст ёфтан ба ин ҳадаф дар бахши такмили ихтисоси омӯзгорон бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде андешида мешавад, ки асосан, чунин унсурҳоро дар бар мегиранд:

— таъмини рушди муттасили касбии омӯзгорон;

— гузариш ба шаклҳои нисбатан самаранок ва санҷидашудаи муосири модулӣ, мавзуӣ, фосилавӣ ва омехтаи такмили ихтисос;

— рақамикунонии такмили ихтисоси омӯзгорон;

— ташкили вебинар, форум ва курсҳои онлайн;

— ба таври васеъ ба роҳ мондани мониторинги электронии натиҷаҳо.

Вобаста ба таҳлили ҳар кадом унсури мазкур, имконияту фаъолиятҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳо самтест, ки омӯзиши алоҳидаро мехоҳад.

Рақамикунонии такмили ихтисос на танҳо навсозии шакли таълим, балки механизми рушди устувори соҳаи маориф буда, омили калидии рушди устувори соҳаи маориф низ ба ҳисоб меравад ва ба чунин самтҳо имконият фароҳам меорад:

Таъмин гардидани дастрасӣ ба таълими босифат. Рақамикунонии такмили ихтисос имкон медиҳад, ки муҳтавои таълимӣ дар шакли электронӣ (курсҳои онлайн, вебинарҳо, китобхонаҳои рақамӣ, видеодарсҳо) барои тамоми омӯзгорон дастрас гардад. Ин раванд вобастагиро аз маҳдудиятҳои ҷуғрофӣ, камбудии вақт ва дурии роҳу сарбории муайян коҳиш дода, имкони истифодаи захираҳои беҳтарини таълимӣ ва таҷрибаи пешқадамро фароҳам меорад. Дар натиҷа, раванди баландбардории маҳорати касбӣ мутобиқ ба стандартҳои муосир таъмин мегардад.

Таъмини рушди муттасили салоҳиятҳои касбии омӯзгорон. Муҳити рақамӣ шароит фароҳам меорад, ки омӯзгорон ба таври доимӣ, зина ба зина вобаста ба ниёзҳои касбӣ салоҳиятҳои худро такмил диҳанд. Платформаҳои таълимӣ имкони омӯзиши инфиродӣ, интихоби модулҳои дахлдор ва пайгирии пешрафти шахсиро фароҳам месозанд. Ин раванд консепсияи «омӯзиши тамоми ҳаёт»-ро амалӣ намуда, рушди касбиро ба раванди муттасил табдил медиҳад.

Такмили низоми мониторинг ва арзёбии сифат ва самаранокии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон. Истифодаи системаҳои электронӣ дар раванди таълим ва идоракунӣ имкон медиҳад, ки иштирок, фаъолият ва натиҷаҳои омӯзгорон ба таври автоматӣ муайян шуда, кам намудани омили инсонӣ, сарфаи вақт сабт ва таҳлили саривақтӣ таъмин карда шаванд. Ин омилҳо ба баланд гардидани шаффофият, объективият ва дақиқии арзёбиҳо мусоидат намуда, барои такмили муҳтавои нақшаю барнома ва дигар маводи методии курсҳои такмили ихтисос ва қабули қарорҳои идоракунӣ заминаи боэътимод фароҳам меоранд.

Таъмини баробарии имконоти таълимӣ. Рақамикунонӣ фарқиятҳои минтақавӣ ва иҷтимоиро коҳиш дода, барои ҳамаи омӯзгорон шароити баробар фароҳам меорад. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳрӣ ва деҳот метавонанд аз як манбаи ягонаи таълимӣ истифода баранд, ки он ба адолати таълимӣ ва муттаҳидшавии муҳити ягонаи касбии омӯзгорон мусоидат мекунад.

Беҳтар намудани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Раванди истифодаи технологияҳои рақамӣ дар такмили ихтисос худ ба худ боиси рушди саводнокии рақамии омӯзгор мегардад. Омӯзгорон малакаҳои кор бо воситаҳои электронӣ, амнияти иттилоотӣ, коркарди маълумот ва истифодаи захираҳои онлайнро аз худ мекунанд. Ин салоҳиятҳо барои фаъолияти таълимии муосир аҳаммияти калидӣ доранд.

Дорои маҳорати кофии кор бо платформаҳои рақамӣ гардидани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Иштироки мунтазам дар курсҳои рақамӣ боиси он мегардад, ки омӯзгорон на танҳо истифодабарандаи одӣ, балки корбари соҳибмаҳорат гарданд. Онҳо метавонанд озмоишгоҳҳои виртуалӣ ташкил намоянд, санҷишҳои онлайнӣ таҳия кунанд, муҳтавои рақамӣ эҷод намоянд ва раванди таълимро дар шаклҳои омехта ба роҳ монанд. Ин омил сифати дарс ва ҷалби хонандагонро ба таври назаррас баланд мебардорад.

Тақвияти ҳамкории касбӣ. Шабакаҳои рақамӣ ва ҷомеаҳои онлайнӣ ба мубодилаи таҷриба, баррасии масъалаҳои методӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мусоидат мекунанд.

Табиист, ки барои татбиқи самараноки имконоти зикршуда, мавҷудияти заминаҳои муайян, аз қабили имконоти кадрӣ ва моддию техникӣ зарур мебошад. Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дорои як қатор шароит мебошад, ки метавонанд заминаи боэътимоди рақамикунонии такмили ихтисосро ҳамчун заминаи асосии морифи муосири миллӣ фароҳам созад, зеро он дорои чунин шароит мебошад:

Заминаи меъёриву ҳуқуқӣ. Донишкада фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ ба роҳ монда, дар самти рақамикунонӣ ҳадафҳои стратегиро муайян кардааст. Мавҷудияти Стратегияи рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030 ва нақшаҳои рушди миёнамуҳлат имкон медиҳанд, ки раванди рақамикунонӣ ба таври марҳалавӣ ва ҳадафманд амалӣ гардад.

Иқтидори кадрӣ ва илмӣ-методӣ. Дар донишкада ва филиалҳо мутахассисони ҳирфаии соҳаи педагогика, методика ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолият доранд. Ин захираи кадрӣ метавонад таҳия ва татбиқи барномаҳои рақамӣ, эҷоди курсҳои онлайнӣ ва таъмини ҳамоҳангии методиро ба зимма гирад. Илова ба ин, таҷриба дар самти такмили ихтисос имкон медиҳад, ки муҳтавои курсҳо ба талаботи воқеии омӯзгорон мутобиқ гардонида шавад.

Пояи моддию техникӣ ва инфрасохтори рақамӣ. Мавҷудияти синфхонаҳои компютерӣ, шабакаи интернет, таҷҳизоти муосири техникӣ ва имкони истифодаи платформаҳои таълимӣ заминаи муҳим барои ташкили курсҳои фосилавӣ ва омехта буда, донишкада метавонад ба маркази миллии омӯзиши рақамӣ табдил ёбад.

Таҷрибаи ташкили курсҳои фосилавӣ ва омехта. Таҷрибаи гузаронидани вебинарҳо, семинарҳои онлайнӣ ва истифодаи воситаҳои рақамӣ дар раванди омӯзиш нишон медиҳад, ки донишкада аллакай ба марҳалаи ибтидоии рақамикунонӣ ворид гардидааст. Ин таҷриба метавонад ҳамчун поя барои таҳияи низоми мукаммал ва платформаи ягонаи таълимӣ хидмат намояд.

Низоми мониторинг ва арзёбӣ. Мавҷудияти сохторҳои масъул оид ба таҳлил ва назорати сифати курсҳо шароити мусоид барои ворид намудани механизмҳои электронии мониторинг фароҳам меорад. Бо татбиқи системаҳои рақамии идоракунии таълим, донишкада метавонад равандҳои баҳодиҳӣ ва таҳлили натиҷаҳоро шаффоф ва дақиқ гардонад.

Ҳамкориҳои дохилӣ ва байналмилалӣ. Робита бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои омӯзишӣ ва шарикони рушд имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои муосир ҷорӣ карда шаванд. Ин ҳамкорӣ метавонад ба табодули захираҳои рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат намояд.

Дар шароити тағйироти босуръати иҷтимоиву иқтисодӣ ва густариши фазои иттилоотӣ, рақамикунонӣ ба яке аз омилҳои ҳалкунандаи рушди соҳаҳои стратегӣ табдил ёфтааст. Соҳаи маориф, ки заминаи ташаккули сармояи инсонӣ ва неруи зеҳнии миллат мебошад, наметавонад аз ин раванд дар канор бимонад. Аз ин рӯ, рақамикунонии такмили ихтисоси омӯзгорон на танҳо иқдоми техникӣ, балки зарурати объективии рушди маорифи миллӣ ба шумор меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми такмили ихтисос ба таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти босифат, рушди муттасили салоҳиятҳои касбӣ, такмили низоми мониторинг ва арзёбӣ, баланд гардидани саводнокии рақамӣ ва таҳкими маҳорати кор бо платформаҳои муосир мусоидат менамояд. Ин раванд ба ташаккули омӯзгори рақобатпазир, эҷодкор ва мутобиқ ба талаботи ҷомеаи рақамӣ замина мегузорад.

Дар ин замина, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дорои шароити мусоиди институтсионалӣ, кадрӣ ва моддию техникӣ буда, дар татбиқи самараноки сиёсати рақамикунонӣ мусоидат менамояд. Мавҷудияти таҷрибаи методӣ, имконоти ташкили курсҳои фосилавӣ ва иқтидори таҳлилӣ замина фароҳам меоранд, то ин раванд ба таври низоми яклухт ва марҳалавӣ амалӣ гардад.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки рақамикунонии такмили ихтисоси омӯзгорон заминаи асосии ташаккули маорифи миллии муосир мебошад, зеро маҳз омӯзгори дорои салоҳиятҳои рақамӣ метавонад муҳити таълимиро навсозӣ намуда, хонандаро ба талаботи асри XXI омода созад. Татбиқи пайгиронаи ин раванд кафолати устувории рушди соҳаи маориф ва таҳкими рақобатпазирии низоми таълимии кишвар дар фазои ҷаҳонӣ хоҳад буд.

[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. – Душанбе: Шарқи озод, 2023. – С. 42.

[2] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. – Душанбе: Шарқи озод, 2023. – С. 44.

Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», №5 — 2026.