Филиали ш.Душанбе

   Директори ФДҶТИБКСМ дар ш. Душанбе

Каримзода Шавкат 

Маълумотнома

доир ба таърихи Филиали МД ДҶТИБКСМ дар шаҳри Душанбе

Филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф (минбаъд филиал) бо номи Институти такмили ихтисос ва бозомўзии муаллимони шаҳри Душанбе соли 1969 бо Фармони Вазорати маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шудааст ва соли 1993 барҳам дода шуд.

Баъдтар бо номи Маркази такмили ихтисоси Рёсати маорифи шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе №103 аз 30 августи соли 2000 баҳри иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе №79 аз 8-уми июни соли 2000 «Дар бораи Барномаи Ҳукумати шаҳри Душанбе оид ба амалӣ намудани нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2000», татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омўзгорон, такмили тахассуси кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф, ҷорӣ намудани методҳои инноватсионии муосир, муҳайё намудани шароити мусоид барои таълими хонандагони лайёқатманд, мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳокмияти давлатӣ дар маҳалҳо». «Дар бораи маориф», «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфтааст.

           Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми майи соли 2014, №45 Маркази такмили ихтисоси Райёсати маорифи шаҳри Душанбе ба филиали Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф табдил дода шуд.