Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи озмун баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ, аъзои комиссия ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз муовини Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври якум ва дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 бояд тамоми тадбирҳо андешида шаванд.

Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа доир ба мушкилот ва камбудиҳои зимни баргузории озмун ҷойдошта фикру ақидаҳояшро баён намуданд.

Дар фарҷом ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

https://maorif.tj/