Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» аз ҷониби Донишкада мунтазам омӯзишу тренингҳо баргузор мегардад, ки дар рушди маҳорати касбии омӯзгорони Муассисаҳои томактабӣ ва Марказҳои инкишофи кӯдакон нақши муҳим мегузорад. Зеро таҷрибаи кишварҳои муваффақ собит намудааст, ки кӯдакони дар боғча ва маркази инкишофи кӯдак тарбияёфта аз кӯдакони дар хона тарбиягирифта ба куллӣ фарқ мекунанд ва ин ҳама минбаъд дар баланд гардидани сифати таълим таъсири худро мегузорад. Рӯзи дуюми омӯзишҳо барои кормандону омӯзгорони Донишкада ва филиалҳои он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад. Машғулиятҳои семинар аз ҷониби мушовири байналмилалӣ хонум Шерри ле Мотти дар доираи татбиқи лоиҳаи » Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Кормандону омӯзгорони Донишкада ва филиалҳои он минбаъд ҳамчун тренерон барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, гурӯҳҳои бозӣ ва омӯзгорони Марказҳои инкишофи кӯдак семинарҳои омӯзиширо идома медиҳанд.







