ОМӮЗГОР — ЧАРОҒИ ИЛМУ ДОНИШ

Дар ҳама давру замон ҷомеаҳои инсонӣ маҳз ба василаи заҳмату талошҳои қишри созанда ва калидӣ яъне Омӯзгор рушду такомул ва пешрафт мекунанд. Тамоми муваффақияту дастовардҳои ину он кишвар дар кулли соҳаҳо марбут ба заҳматҳои Устод — омӯзгор мебошад, ки ин омил ҳақиқати бебаҳс аст. Зеро заминаи аслию муқаддами кишварҳои ҷаҳон ба ақлу хирад, илму дониш ва фазилату ҷаҳонбини сокинони он вобастагии амиқ дорад.

Илму дониш саводу фазилат ва тафаккуру ҷаҳонбинӣ прогрессивӣ танҳо ва танҳо ба шахсияти тавонманду оқил ва соҳибназар — Омӯзгор иртибот мегирад. Касби омӯзгорӣ бешубҳа рисолату масъулияти бузург ва дар айни ҳол сангину заҳматталаб буда, аз соҳиби ин пеша талошу ҷаҳди бардавом, омӯзиши шабонарӯзӣ, ҷустуҷую дарёфти роҳу шеваҳои рангину ҷаззоби дарсу дониш, фаҳмиши фарох ва ба як сухан сӯхтану сохтанро талаб мекунад.

Дар дарозои таърих миллати хираддоиму фазилатпарварӣ тоҷик тавасути донишмандону олимони забарасту мутафаккир, омӯхтану баҳравар шудан аз илму донишҳои замонро ҳадафи аслӣ ва ҳалкунандаи хеш қарор дода, ба олам шоирону нависандагон ва нобиғаҳои илмро тақдим кардааст, ки осори ин бузургон ҷовидонию мондагор буда, дар саҳофоти таърихи башарият бо хати заррин сабт гардидааст.

Ҳамин, андешаи волоро Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши аъзами суханрониҳояшон доимо таъкид мекунанд. Воқеъан, Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини ба роҳбарии кишвар багузида шуданашон қабл аз ҳама ба соҳаи маориф ва беҳтару самарабахш гардидани таълиму тарбия таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ба рушду пешрафти соҳаи мазкур бо масъулияти баланд ва эҳсоси волои ватанпарварона содиқонаву дилсӯзона талош меварзанду мусоидат мекунанд.

Нақш ва мақоми омӯзгор дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат маҳз таҳти Сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи баланд баромад ва нуфузу ҷойгоҳи шахсияти ӯ хело боло рафт.

Воқеъан, тарбия ва ба камол расонидани насли нави донишандӯхтаву ҳушманд, закиву соҳиблаёқат, хушову хушзеҳн ва дорои ҷаҳонбиниву тафаккури интелектуалӣ, ки бо неруи миллӣ маҷмуи донишҳои азхуднамудааш ба пешрафти мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад, ки вазифаи аслии омӯзгор ба шумор меравад.

Омӯзгори замони муосир соҳиби иродаи қавӣ, дарку фаҳмиши олӣ буда, муваззаф аст, ки ҳамвора дониши андӯхтаи худро вобаста ба ихтисоси худ дар заминаи корбасти ҷанбаҳои гуногун, бо назардошти донишҳои педагогию равоншиносӣ ташаккулу такоммул бахшад. Як лаҳза аз омӯхтан боз намонад ва рӯзафзун сарчашмаю адабиёти илмию назариявӣ ва методиро мутолиа намуда, баҳри чунин илму донишҳои фарогирӣ ва мутобиқу созгор бо дигаргунию тағйирот дар ҷаҳони имрӯз ба амал омада, ба хонанда тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созад.

Хушбахтона омӯзгорону устодони кишвар дар ҳама марҳалаҳои пуршебу фарози ҳаёт, фидокорию матонат нишон дода, самимонаю дилсӯзона рисолати худро ба таври шоиста анҷом додаву медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки замони муосир дар назди устодону омӯзгорон вазифаҳои воқеъан масъулиятбор ва мушкилро мегузорад, ки иҷрои он имкон медиҳад, ки насли нав ватандӯсту мусаллаҳ бо ормонҳои миллӣ, ифтихорманд аз таърихи гузаштаи миллати хеш буда, баҳри ҳифзи ҳимояти марзу буми аҷдодӣ ба таври ҳамеша омода бошад.

Тавре, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иброз доштанд: «Эҳтиром ба омӯзгор, эҳтиром ба ояндаи миллат аст».

Саҳми мондагори омӯзгорони сарсупурдаи фидоӣ дар масъалаи тарбияи шогирдон дар руҳияи хештаншиносӣ зираку эҳтиёткор будан дар қиболи раванду зуҳуроти ногувори ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, дарки одату анъанаҳои ҳуруфотомез, ҷаҳлу нодонӣ муборизаву муқобилият бар зиддӣ таблиғи ақидаҳои бегонаи аҷнабиён бағоят муассиру назаррас мебошад.

Дар ин самт мутобиқ гардидан бо дигаргуниҳо ислоҳест, ки бо пешрафти замон дар соҳаи маориф тайи солҳои охир ба амал омадааст ва ҳамзамон, дар татбиқу роҳандозии ин ислоҳот дар ҷодаи таълиму тарбия аз омӯзгорон заҳмату кӯшиши мутассил тақозо карда мешавад. Дар баробари соҳиби илму дониш ва ҷаҳонбинӣ пешрафта будан, омӯзгорон бояд падидаҳои тоза ҳамчун, омӯзишу аз худ кардани технологияҳои рақамӣ, дарку маърифати зеҳнӣ сунъӣ, равандҳои инноватсионӣ ва худомӯзии амиқу ҳамаҷониба, саъю азм ва ҷидду ҷадал намоянд.

Мусаллам аст, ки фаъолияти асосии меҳвари омӯзгорро дарс ташкил медиҳад, ки феълан муҳтавою ғоя ва ҳадафи он комилан ба дигаргунию тағйирот мувозеҳ гардидааст. Дарс ҳамчун раванди пешниҳоди донишу савод бо як силсила методу усулҳои муосиру нав ба монанди мустақилияти фикррониву зеҳнии хонанда, мавқъи фаъолонаи шогирдон ҳамчун неруи азхудкунандаи мавзуъ бо роҳи ташаккули тафаккур ва андешарониҳои устод, робитаи мантиқи пайдо кардааст.

Табиист, ки дар ин бобат омӯзишу такмили ихтисос ва ҷустуҷӯйи навовариҳои омӯзгор баҳри баланд бардоштани савияти ҷаҳонбинии шогирдон нақши калидӣ мебозад.

Роҳбарияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба масоили беҳтару самарабахш ва муассиру ҷолиб гардонидани муҳтавои курсҳои такмили ихтисос бо назардошти тағйироту навовариҳое, ки дар ҷаҳони муосир, алалхусус соҳаи маориф ба амал меоянд, аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мекунанд.

Дар замони муосир дастовардҳои касбии омӯзгор ба қобилияти мутобиқшавии ӯ ба дигаргуниҳо ва омӯзиши доимӣ дар тӯли ҳаёт вобастагии калон дорад.

Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини дастрасии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ муттасилу муосир ва рақобатпазирӣ фаъолияти педагогии кормандони соҳаи маориф Стратегияи рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030 коркард ва тасдиқ шудааст. Дар Стратегия таваҷҷуҳи бештар ба сифати рушди маҳорати касбии омӯзгорон, сифат ва самаранокии курсҳои такмили ихтисос инчунин, малакаҳои касбӣ ва салоҳиятҳое равона гардидааст, ки кормандони соҳаи маориф дар раванди фарогирӣ ба курсҳои такмили ихтисос ба даст меоранд.

Бо ин мақсад дар танзими фаъолияти таълимӣ ва таъмин сифату самаранокии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус соли ҷорӣ 22 нақша ва барномаҳои таълимӣ дар шаклҳои нав таҳия гардид. Бояд қайд намуд, ки сатҳу сифати машғулиятҳои такмили ихтисос куллан тағйир ёфта, баҳри пурсамару муассир гардидани курсҳо омӯзиши таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Британияи Кабир, Тайланд ва Малайзия) ва табодули андӯхтаҳои байни ин давлатҳо нақши ҳалкунанда мебозанд.

Ҳадаф аз ҳамаи ин тадбирандешиву талошҳо, ҳамоно баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва муаррифии насли нави донишманду соҳибтафаккури тоҷик дар арсаи ҷаҳон ба шумор меравад.

Дар ин замина, нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос тибқи талабот ва ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2024-2026 таҷдиди назар гардида, бо пеш омадани зарурат 69 барномаҳои таълимӣ, 28 барномаи семинарҳои махсус, 11 барномаи семинарҳои мақсаднок, 14 барномаи таълимӣ дар асоси барномаҳои намунавии кишварҳои дигар таҳия ва таҷдиди назар гардиданд.

Дар Донишкада ҷиҳати рақамикунонии низоми такмили ихтисос омӯзгорон аз 4 платформаи рақамӣ «СИРКО», «МУДЛ», «TAKMIL» ва «MAKTAB MOBILE» истифода менамоянд ва ҳамзамон шурӯъ аз соли 2026 дар пешбурди фаъолияти таълимӣ 15 курс аз рӯйи шаклҳои фосилавӣ ва омехта ба роҳ монда мешавад.

Зикр кадан ба маврид аст, ки потенсиали илмии Донишкада мустаҳкам гардида, ба омӯзгорону устодон ва кормандони муассиса машғулиятҳо дорои муҳтавою консепсияи баланди педагогиро роҳандозӣ менамоянд.

Оре, омӯзгор бояд ҳамқадами замон бошад ва ҳар як дарси ӯ олами наву ғайримуқаррариро ба рӯйи шогирдон боз намояд. Дарсе, ки бо шаррофати ранҷу меҳнат омӯзгор қолабҳоро убур кардаву ба фаҳмишу дониши хонанда дониш афзояд ва баҳри дар оянда ҳамчун шахсияти созандаи ин ватан ва муаррифгари тафаккуру ҷаҳонбинӣ ба камол расидани насли нав хидмат кунад.

Рисолату масъулияти омӯзгорону устодони Донишкада ва филиалҳои он низ бозтоби ҳамин мақсади наҷибона мебошад.

Иди касбиятон муборак бошад, омӯзгорони азиз!

Наврӯз Мирзозода,

ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф