ОҒОЗИ ТАҶРИБАИВАЗКУНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ОЛТОЙ

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишкада бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия аз 6 то 11 октябри соли ҷорӣ 25 нафар (аз Донишкада 6 нафар, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо 1 нафар, раёсатҳои маориф, директорон, ҷонишинони директорон ва омӯзгорони МТМУ ҷумҳури 18 нафар) ба шаҳри Барнаул бо роҳбарии ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода ҷиҳати таҷрибаивазкунӣ сафарбар гардиданд.

Чунин робитаҳо дар доираи шарики старатегии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти ҳарду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар солҳои охир сатҳу уфуқҳои навро касб кардаанд, ба роҳ монда шудааст.
Дар оғози вохӯрӣ ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода бо ректори Донишгоҳи мазкур Лазаренко Ирина Рудольфна аз натиҷаҳои судманди ҳамкориҳо изҳори сипос намуда, густариши онро дар оянда ба манфиати ҳарду ҷониб унвон намуд. Баъдан тарафҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои зерин ба мувофиқа расиданд:

  • ба роҳ мондани омӯзишҳо ҷиҳати роҳандозӣ намудани фаъолият дар самти бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
  • омӯзишҳо оид ба омода намудани тренерон дар самти роббототехника, идоракунӣ ва ҳимояи дастгоҳҳои бесарнишин;
  • ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти корхои илмӣ-инноватсионӣ ва таълимию-методӣ;
  • ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо.