ШИНОСОИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО ТЕХНОПАРКИ КVANTORIUM

Ҳайати гурӯҳи корӣ зимни сафар аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия аз фаъолияти Парки технологии Кванториум дидан намуданд. Муаррифӣ аз ҷониби директори он Зайцев Денис сурат гирифт. KVANTORIUM як модели комилан нави таълимӣ ва муҳити беназирест, ки барои суръат бахшидан ба рушди кӯдакон дар соҳаҳои гуногуни таҳқиқоти илмӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ шудааст. Дар он бачагон имконият пайдо мекунанд, ки ғояҳои (идея) лоиҳаҳои омӯзишӣ ва таҷҳизоти баланд суръати технологиро таҳия ва амалӣ намоянд.