ОҒОЗИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБИИ НОҲИЯҲОИ РӮДАКӢ ВА ВАРЗОБ

Имрӯз, 06 октябри соли 2025 дар Донишкада дар доираи ҳамкорӣ бо Лоиҳаи «Рушди барвақтии кӯдак барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” омӯзишҳо бо ҷалби 50 нафар омӯзгорону кормандони муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдаки ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб оғоз ёфт.

Дар ифтитоҳи омӯзиш муовини ректор Абдусаттор Наҷмиддиниён ва намояндаи лоиҳаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки курси омӯзишӣ ба рушди маҳорати касбии кормандони педагогии зинаи аввали таҳсилот, омӯзиши роҳу усулҳои муосири таълим, такмили таҷриба ва татбиқи барномаҳои давлатӣ нигаронида шудааст.