ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

7 октябри соли 2025 дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия вохӯрии ҳайати корӣ бо роҳбарии ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода бо як қатор намояндагони мақомоти баландпояи Олтой, аз ҷумла бо муовини губернатор — Абдуллаев Юрий, муовини вазири маориф ва илми Олтой — Терновая Лариса ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой — Лазаренко Ирина баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои ҷойдошта ва рушди минбаъдаи он мубодилаи афкор намуданд.

Зимни мулоқот Абдуллаев Юрий, муовини губернатори Олтой аҳамияти ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Русияро дар соҳаи маориф хуб арзёбӣ намуда, намунаи беҳтарини ин ҳамкориҳоро дар фаъолияти 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштарак, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, хотиррасон намуд. Фаъолияти муассисаҳои мазкур ҳамчун рамзи баробарии таълим дар рушди ду кишвар нақши муҳим доранд.

Дар навбати худ ректори Донишкада, Наврӯз Мирзозода, натиҷаву дастовардҳо ва рушди илму маорифро самараи ин ҳамкориҳо арзёбӣ намуда, ба сатҳу сифати таҳияи муштараки барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва баргузории курсу семинарҳои муштарак баҳои баланд дода, иброз намуд, ки ҳамаи ин натиҷаҳо аз рушди минбаъдаи ҳамкориҳо шаҳодат медиҳанд. Дар идома ҷонибҳо дар самти табодули таҷрибаи омӯзгорон, иштироки онҳо дар конфронсу форумҳо ва татбиқи технологияҳои рақамӣ табодули андеша намуданд.