15 сентябри соли ҷорӣ дар Донишкада ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, қарорҳои ҷаласаи шурои олимон оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва ҷаласаи машваратии назди ректор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Пас аз гузоришҳои масъулин аз ҷониби ректор Наврӯз Мирзозода дастурҳо вобаста ба — баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ мувофиқи низоми баҳогузори 10-хола, — баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои кормандону омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак, — таҳияи барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос дар шаклҳои муосир, — таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимии фанҳои иловагӣ (педагогика, психология, менеҷменти сиёсӣ), — аз ҷониби филиали Донишкада дар шаҳри Душанбе ба роҳ мондани омӯзиш ва семинарҳо барои омӯзгорони муасисаҳои таълимии ш. Душанбе доир ба дафтарҳои (журнал) электронӣ-таълимӣ, барномаи «е-Donish» ва баҳогузории 10 хола дар муассисаҳои шаҳри Душанбе, -омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи омӯзгор ва дигар масъалаҳои муҳим муҳокима гардида, иҷрои ҳатмии талаботи мавҷуда дар ин самтҳо тақозо гардид. Дар ҷаласа муовинони ректор, директорони филиалҳо (ба таври онлайн) ва роҳбарони сохторҳои Донишкада иштирок намуданд.




