Имрӯз, пас аз нимаи дувуми рӯз ҳайати гурӯҳи кории Донишкада аз фаъолияти Мактаби зеҳнии табиатшиносӣ, физика ва математикаи Назарбоев дидан намуданд. Таҷрибаомӯзӣ маҳз бо шарофати ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев» ба даст омад. Мутахассисони Донишкада бо ҳамкасбони қазоқистонии худ ба масъалаҳои тамоюлҳои муосири таҳсилоти байналмилалӣ — гузариш аз субъекти марказӣ ба метамарказӣ, трансформатсияи босуръати рақамӣ, принсипҳои рушди устувор ва фарогир — салоҳиятҳои нави касбии омӯзгорон мавриди омӯзиш қарор доданд. Ин як имконияти воқеан хубест, ки на танҳо барои муқоисаи низоми пешрафтаи NIS, балки нишон додани векторҳои мушаххас барои рушди минбаъда мебошад.
Дар рафти таҷрибаомӯзӣ ба масъалаҳои таҳияи барномаҳои таълимии такмили ихтисоси омӯзгорон диққати махсус дода шуд. Ҳангоми таҳлили барномаҳо ба масъалаҳои зерин таваҷҷӯҳ зоҳир гардид:
равишҳои асосӣ барои муайян намудани ниёзҳои кунунии омӯзгорон ва низоми маориф;
усулҳои тарҳрезии ҳадафҳо ва мундариҷаи барномаҳои таълимӣ;
унсурҳои комплекси таълимию методӣ (МТМ), инчунин роҳҳои таъмин намудани методологӣ ва назариявӣ-амалии он.
Ҳамзамон, хусусиятҳои таълими калонсолон (андрагогика) ва таҳсилоти фарогир муҳокима гардида, фарқи таълими анъанавии кӯдакон бо калонсолон ва масъалаҳои умдаи таҳсилоти фарогир баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷом аз фаъолияти китобхонаи мактаб, лабараторияҳои фаннии химия, биология, физика, бахши омӯзиш робототехника ва ярмарка, ки дар он зиёда аз 23 кружокҳои фаннӣ дастовардҳои худро барои номнавис пешниҳод намудаанд, дидан намуданд.






