Кормандони Донишкада дар ҳайати гурӯҳи корӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ба Мактаби зеҳнии Назарбоев ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд. 6 нафар омӯзгорони Донишкада омӯзишҳоро дар самти:
— арзёбии курсҳои такмили ихтисос;
— таҳияи барномаҳои таълимӣ;
— омодамнамудани тренерон ҳамчун фасилитатор, модернатор ва сарпараст (наставник) оғоз намуданд.
Гурӯҳи кориро раиси Мактаби зеҳнии Назарбоев Ануар Канатович, муовин Кабдыкаримова Жамбота ва директори Маркази маҳорати педагогӣ Айдосова Толкун пазироӣ ва машғулиятҳоро оғоз намуданд.






