Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар раёсату шуъбаҳо имрӯз, 23.05.2025 дар Донишкада чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон дар мавзуъи «Муқовимати дастаҷамъонаи ҷавонон бар зидди коррупсия» бо ҷалби кормандону омӯзгорон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуд. Дар чорабинӣ муовинони ректор Абдусаттор Наҷмиддиниён, Сафарбек Собирзода, мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ Манучеҳра Ҷумахонова, омӯзгорон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос иштирок ва суханронӣ намуданд.Пас аз анҷоми чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии иштироккунандагон аз ҷониби мудири кафедра ба онҳо маводи иттилоотӣ ва буклетҳо бо инъикоси зиддикоррупсионӣ тақсим гардиданд.Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва музокираҳои мусбӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба масъалаи мубориза бо коррупсия, ки таъсири мусбати худро мерасонад, ҷамъбаст гардид.
















