ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ДОНИШКАДА ДАР МУСОБИҚАИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ


Имрӯз, 18 майи соли 2025 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар чорабинии варзишии мазкур ҳайати омӯзгорону кормандони Донишкада фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории мусобиқа- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.