ОИЛА — МАКОНИ КАМОЛОТИ ИНСОН ВА РУКНИ АСОСИИ ҶОМЕЪА

Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола санаи 15-уми май дар аксари кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Муҳимияти солимии оила ва пойдории онро ба назар гирифта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро “Соли оила” эълон намуда буданд. Вобаста ба ин имрӯз 15.05.2025 бо ибтикори кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ дар асоси дастуру супоришҳои ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода ва нақшаи чорабиниҳои кафедра дар Донишкада бахшида ба “Рӯзи оила» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар мавзуъҳои зерин: «Оила рукни асосии ҷомеа», «Оилаи солим — бунёдгузори ҷомеаи солим», «Роҳҳои пешгирии низоъ дар оила», «Оила рукни ҷомеа ва давлат», «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Зӯроварӣ дар оила» баррасӣ гардиданд. Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии муовини ректор Собирзода Сафарбек оғоз гардида, масъалаҳои баррасишаванда, иштирокчиён ва маърӯзачиён муаррифӣ карда шуданд.