Санаи 07.05.2025 вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 хониши кафедравӣ дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм — таҳдид ба амнияти кишвар, минтақа ва ҷаҳон» баргузор гардид.
Чорабиниро мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ Ҷумахонова Манучеҳра бо таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вафои аср ба амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст” ҳусни оғоз бахшид. Таъкид гардид, ки муқовимат бо терроризм ва экстремизм на танҳо кори мақомотҳои қудратӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди солимфикру ватандўсти кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ вобаста ба нақши омӯзгорон дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар мисоли барномаҳои “мактаб ба мактаб” мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.





