ҶАМЪБАСТИ СЕМИНАРИ ОМУЗИШИИ ОМОДА НАМУДАНИ ТРЕНЕРОН

Рӯзҳои 5-7 майи соли ҷорӣ семинари омӯзиши барои омода намудани тренерони зинаи томактабӣ бо ҷалби мутахассисони Донишкада ва филиалҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо кӯмаки техники Бонки Ҷаҳони идома дошт, ҷамъбаст гардид. Дар раванди семинар малакаву маҳорати тренерии кормандони Донишкада ва филиалҳо боз ҳам тақвият дода шуда, ҳамаи онҳо тренери омӯзишҳои ҳайати кормандони педагогии зинаи томактабӣ гардиданд. Машғулиятҳои омӯзиши бо ҷалби мушовири байналмилалии лоиҳа Шарри ле Мотти гузаронида шуд.