Маъмур

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2025»

Имрӯз, (30.04.2025) дар толори китобхонаи Донишкада даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025” бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмун ректори Донишкада — Наврӯз Мирзозода, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд. Ректори Донишкада иброз намуд, ки яке аз иқдомҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ…

Бештар ...

  ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2025» БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕЪИ ҶУМҲУР ДАР ДОНИШКАДА ОҒОЗ ГАРДИД.

Имрӯз, 28 апрели соли 2025 дар толори китобхонаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2025» барои омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳии он Собирзода Сафарбек муовини ректори Донишкада оид ба корҳои илм ва инноватсия суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳамасола,…

Бештар ...

НАТИҶАГИРӢ АЗ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ «ТАҚВИЯТИ КАСБИЯТИ ПСИХОЛОГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ»

Ҳадафи асосии конференсия пеш аз ҳама табодули афкор, муҳокимаи усулҳои нави кор дар соҳаи психологияи касбӣ ва муайян кардани роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти психологон дар муассисаҳои таълимӣ буд. Дар кори конференсия муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Равшан, ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода, мутахассисони соҳаи психология аз муассисаҳои олии касбӣ ва психологони…

Бештар ...

📢 ЭЪЛОН**📢ЭЪЛОН**📢ЭЪЛОН

Санаи 25.02.2025 сол соати 10:00 дар Донишкада ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф вобаста ба эълон гардидани соли 2025 соли «Муҳити солими психологӣ дар ҷараёни таҳсилот» аз ҷониби Кафедраи педагогика,психология ва методикаи таълим конференсия дар мавзуи «Таквияти касбияти психологон дар муассисаҳои таълимӣ» бо иштироки кормандони соҳаи маориф бахусус психологони муассисаҳои таълимии ҷумҳури тариқи…

Бештар ...

Таманниёти ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Устодон ва кормандону омӯзгорони азиз! Ин санаи муқаддасу муборакро, ки бо номи «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамасола таҷлил мегардад ва қувваи сарҷамъкунандаву иттиҳод ва ягонагиро дорад барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба рамзҳои муқаддаси…

Бештар ...

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ НИЗОМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

Ҳамоишро ректори Донишкада, Мирзозода Наврӯз ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба мавзӯи болозикр андешаронӣ намуд. Дар маърӯзаи худ оид ба саҳми мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорону кормандони соҳаи маориф андешаҳои пурмуҳтаворо ироа намуд. Гуфта шуд, ки масоили илм ва маориф, омӯзгор, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳамеша…

Бештар ...

ТАҚДИМИ СЕРТИФИКАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОМӮЗИШҲОИ PISA

Дар доираи ҳамкории Донишкада бо Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастгирии бевоситаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим ва лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1106 омӯзгори шаҳри Душанбе дар семинарҳои муштараки омӯзишӣ оид ба омода намудани омӯзгорон ба Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии дастоварди таҳсили хонандагон…

Бештар ...

Таҳия ва озмоиши барномаи нави таълимӣ талаботи замон ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот

Имрӯз, дар Донишкада дарси озмоишии омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ н.и.ф. Неъматова Бибиқанд, ки дар асоси барномаи нави таълимӣ барои шунавандагони курсҳои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик таҳия гардидааст, баргузор гардид. Барномаи мазкур аз қисматҳои зерин иборат аст: барнома, роҳнамо барои омӯзгор, роҳнамо барои тренер, рӯйнамо ва се мавод…

Бештар ...

Вохурӣ бо котиби Асотсиатсияи байналмилалии таҳқиқоти дарс (WALS)

Зимни баргузории конференсия вохурии ҳайати гурӯҳи корӣ бо котиби Асотсиатсияи байналмилалии таҳқиқоти дарс (WALS) Акихико Такахаши баргузор гардид. Дар вохурӣ ҷонибҳо масъалаи роҳҳои аъзо шудан Донишкада ба ин асотсиатсияро баррасӣ намуда ба мувофиқа расиданд. https://www.facebook.com/groups/1340102256547260

Бештар ...