Ҳадафи асосии конференсия пеш аз ҳама табодули афкор, муҳокимаи усулҳои нави кор дар соҳаи психологияи касбӣ ва муайян кардани роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти психологон дар муассисаҳои таълимӣ буд. Дар кори конференсия муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Равшан, ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода, мутахассисони соҳаи психология аз муассисаҳои олии касбӣ ва психологони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз манотиқи кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфренсия мавзуъҳои «Ташаккули омодагии психологҳои оянда ба азхудкунии таҷрибаи психологӣ», «Вазифа ва принсипҳои асосии гузаронидани машварати психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ», «Сабабҳои сустхонии хонандагон аз нигоҳи психологҳо», «Салоҳиятҳои касбии психологи мактаб», «Ҳуқуқ ва нақши психолог дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» ва амсоли ин баррасӣ гардида, чунин пешниҳодҳо шуд:
— омӯхтан, таҳия ва таҷдиди назар намудани санадҳои меъёриву ҳуқуқи танзимкунандаи фаъолияти психологони муассисаҳои таълимӣ;
— ташкил намудан семинарҳои омӯзишӣ барои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар самти фароҳам овардани муҳити психологӣ дар муассиса;
— таҳия ва нашри дастурҳои методӣ ва роҳнамоҳо оид ба фаъолияти кори психологони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
— ташкили марказҳои машварати методӣ-психологӣ дар Донишкада;
— ташкили семинарҳои доимоамалкунанда дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби психологони муассисаҳо;
— дастрас намудани руйхати психологони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ташкили курсҳои такмили ихтисоси психологон;
— мунтазам дар сомона ва саҳифаи иҷтимоии Донишкада гузоштани маводи ёрирасон оид ба муҳити психологӣ;
— дар маҷаллаи Омӯзгор ва замон ба табъ расонидани мақолаҳо оид ба масъалаҳои психологӣ;
— аз ҷониби кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар, расонидани ёрии методӣ оид ба қобилиятҳои психологӣ ва рушди маҳорати педагогии омӯзгор, усулҳои психологии рушди қобилияти хонандагон ва ғайра.
Дар кори конференсияи зиёда аз 100 нафар ба тариқи ҳузурӣ ва онлайн иштирок намуданд
слайдҳои баромадкунандагонро метавонед боргири намоед.











