Имрӯз, 28 апрели соли 2025 дар толори китобхонаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2025» барои омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳии он Собирзода Сафарбек муовини ректори Донишкада оид ба корҳои илм ва инноватсия суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳамасола, даври минтақавии озмуни мазкур бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур дар Донишкада гузаронида мешавад.
Дар озмун 13 нафар довталабон аз шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур барои сабқат номнавис гардида, аз рӯйи ҳафт шарт ҳунару маҳорати худро месанҷанд. Баъдан раиси ҳакамон, дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзии Донишкада Акобиров Шосафар довталабонро бо аъзои ҳакамон ва тартиби баргузории озмун шинос намуд. Аз ҷониби сардори раёсати илм ва инноватсия Ғуломова Зарина иброз гардид, ки корҳои амалии довталабон дар заминаи МТМУ №65 гузаронида шуда, ҳамаи чораҳо ҷиҳати ба таври шаффоф баргузор гардидани озмун андешида шудааст. Даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳур 3 рӯз довом намуда, ҷамъбасти он 30 апрел дар назар дошта шудааст.






