
Санаи 25.02.2025 сол соати 10:00 дар Донишкада ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф вобаста ба эълон гардидани соли 2025 соли «Муҳити солими психологӣ дар ҷараёни таҳсилот» аз ҷониби Кафедраи педагогика,психология ва методикаи таълим конференсия дар мавзуи «Таквияти касбияти психологон дар муассисаҳои таълимӣ» бо иштироки кормандони соҳаи маориф бахусус психологони муассисаҳои таълимии ҷумҳури тариқи ҳузурӣ ва ҳам фосилавӣ баргузор мегардад.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф н.и.ҳуқуқшиносӣ Мирзозода Наврӯз оғоз мегардад.
Баъдан маърӯзаҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа дар мавзуъҳои «Ташаккули омодагии психологҳои оянда ба азхуднамоии таҷрибаи психологӣ» аз ҷониби н.и.психологӣ, мудири шуъбаи инноватсия ва психологияи таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Абдурашитов Наимҷон,
«Вазифа ва принсипҳои асосии гузаронидани машваратҳои психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миенаи умумӣ» н.и.психологӣ, дотсенти филиали донишкада дар шаҳри Душанбе Раҷабзода Насим,
» Сабабҳои сустхонии хонандагон аз нигоҳи психологон» н.и.психологӣ, дотсенти кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълим Амонов Нодир,
«Салоҳиятҳои касбии психологи мактаб» мудири кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълим Сурайе Шердилова,
«Нақши психолог ва хадамоти психологӣ дар муассисаҳои таълимӣ» омӯзгорони калони кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълим Розиқов Бедил ва Давлатов Шодмон маърузаҳо шунида мешавад.
📅 Сана: 25.02.2025
🕒Вақт: 10:00
💻Платформа: Google Meet.
🔗 **Ссылка барои ҳамроҳшавӣ: https://meet.google.com/rcx-gwin-gxz
Ширкат дар конференции озод аст! Ба мо ҳамроҳ шавед ва саҳми худро дар рушди психологи гузоред! 🌟
