Таманниёти ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Устодон ва кормандону омӯзгорони азиз!

Ин санаи муқаддасу муборакро, ки бо номи «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамасола таҷлил мегардад ва қувваи сарҷамъкунандаву иттиҳод ва ягонагиро дорад барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям.

Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба рамзҳои муқаддаси миллӣ, аз ҷумла арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ таҷассуми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.

Таърихи ба даст овардани Парчами миллӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ аз ҷумла, Конститутсия, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ ба кору пайкори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад ва ҳамдигарро комил мегардонанд.

Тавре дар Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисраи «Ба зери Парчами ту саф кашидаем» садо медиҳад, метавон инро яке аз асолатҳои парчам, ки қувваи муттаҳид кунандаи халқро дорад, дарёфт кард.

Ҳарчанд мавҷудияти ин рамзи муқаддасӣ давлатӣ ба давраи Ҳахоманишиён то ба соли 632 комилан собитшуда аст, вале бояд гуфт, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик он то имрӯз ҳамчун ифодагари ифтихору сарҷамъӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арзи ҳасти намуда, ормону орзу ва мақсаду мароми аҷдодони моро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Чуноне, ки аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, дар давраи ҳукумронии Куруши Кабир барои ҳифзи дирафши давлатӣ дастаи яккачини муҳофизони шахсии шоҳ сафарбар гардида буданд, ки бо номи «Гурдони ҷовидон» маъруф буданд. Гурдони ҷовидон шахсияти шоҳ, хонадони ӯ, хазинаи давлат, дирафши давлатӣ ва амсоли ин рамзу муқаддасотро таҳти муҳофизати қавӣ ва махсус нигоҳ медоштанд, то ин ки пойдории давлат, сулҳу суботи он устувор боқӣ монад. Ин анъанаву асолатро имрӯз низ дар кишвари мо хизматчиёни Гвардияи миллӣ ба дӯш доранд ва дар саросари ҷумҳурӣ маҳз онҳо Парчами Ватани азизамонро боло мебардоранд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили ин санаи муҳим чунин ибрози назар карданд: «Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад. Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки ҳар яки мо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқатро ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бояд дар зеҳну шуури фарзандонамон аз синни кӯдакӣ тарбия намоем, зеро рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам таҷассумгари гузаштаи пурифтихори таърихӣ ва ояндаи дурахшони халқамон мебошанд».

Дар партави ин ҳидоятҳо бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳайати устодону кормандон ва омӯзгорони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ҳифз ва эҳтироми Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатӣ ҷиҳати тақвияти неруи зеҳнӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорони кишвар фаъолиятҳоро вусуъати бештар мебахшанд.

Бори дигар ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ – рамзи муқаддаси давлати соҳибихтиёри тоҷикон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо тандурустиву сарбаландӣ, пирӯзиву муваффақият, файзу баракат ва шодиҳои беохирро орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад!