Имрӯз, дар Донишкада дарси озмоишии омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ н.и.ф. Неъматова Бибиқанд, ки дар асоси барномаи нави таълимӣ барои шунавандагони курсҳои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик таҳия гардидааст, баргузор гардид.
Барномаи мазкур аз қисматҳои зерин иборат аст: барнома, роҳнамо барои омӯзгор, роҳнамо барои тренер, рӯйнамо ва се мавод барои шунавандагони курс.
Фарқияти барномаи таълимии нав аз барномаҳои қабли дар он аст, ки он аз 42 соат иборат буда, ҳар як мавзуи он меъёрҳои арзёбии худро дорад. Дар барномаи қабли мавзуъҳо ба тахассус нигаронида шудаанд, аммо дар барномаи нави таълим мавзуъҳо ҳам ба тахассус ва ҳам ба методикаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.
Дарси озмоишӣ бо иштироки кормандон ва омӯзгорони Донишкада, ки ҳамчун нақши шунавандаи курсро бозиданд, гузаронида шуд. Дар он пурра меъёрҳои дарс риоя гардиданд. Танҳо мавзуи якуми он аз озмоиш гузаронида шуд. Донишкада тасмим гирифтааст, ки ҳамаи барномаҳои курсҳои такмили ихтисосро дар доираи меъёрҳои «Пажуҳиши дарс» Lesson Study таҳия намояд.