
Дар доираи ҳамкории Донишкада бо Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастгирии бевоситаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим ва лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1106 омӯзгори шаҳри Душанбе дар семинарҳои муштараки омӯзишӣ оид ба омода намудани омӯзгорон ба Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии дастоварди таҳсили хонандагон PISA дар се марҳила: тариқи рӯ ба рӯ ва фосилавӣ гузаронида шуда буд, соҳиби сертификат гардиданд. Тақдими сертификатҳо имрӯз, дар МТМУ №53 шаҳри Душанбе бо иштироки Каримзода Равшан-муовини вазири маориф ва илм, Мирзозода Наврӯз-ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Диана Димова –намояндаи Иттиҳоди Аврупо ва Штефан Зеверт — роҳбари лоиҳа баргузор гардид.
https://www.facebook.com/groups/1340102256547260






