Ҳамоиши илмӣ: Масъалаҳои маориф ва илм дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 23 декабри соли 2025 дар Донишкада ҳамоиши илмӣ бахшида ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Масъалаҳои маориф ва илм дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода дар ифтитоҳи ҳамоиш нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ва илм мавриди шарҳу тавзеҳи ҳамаҷониба қарор дод. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Паёми имсола фарогирии ҳамаи масъалаҳои калидии соҳа буда, он як стратегияи комили рушди кишвар, барои солҳои минбаъда нигаронида шудааст. Махсусан, ба масъалаҳои таҳкими пояҳои илми ватанӣ вобаста ба обу иқлим, баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, муҳайё намудани шароит барои зинаи аввали таҳсилот, омӯзиши забонҳо ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».
Баъдан аз ҷониби мудири кафедраи таҳсилоти касбӣ ва информатика н.и.фалсафа Одинаев Абдусатор вобаста ба масъалаҳои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба зиёд карда шудааст ва тибқи пешниҳоди Сарвари давлат, аз 1 сентябри соли 2026 музди маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз, кормандони муассисаҳои илму маориф ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мегардад, маърӯза ироа гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ректор Наврӯз Мирзозода бори дигар таъкид намуд, ки кормандону омӯзгорони Донишкада омода ҳастанд, ки ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти минбаъдаи хеш чораҳои дучанд андешанда, саҳми худро дар рушду пешрафти Ватани азизамон мегузоранд.