Дар кори ҷаласа сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Аҳмадҷон, муовинони ректор, директорони филиалҳо, сардорони раёсату шуъба, мудирони бахшу кафедраҳо, инчунин ҳайати васеи омӯзгорону кормандон иштирок намуданд. Наврӯз Мирзозода ҷаласаро бо таъкидҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам» оғоз намуд. Баъдан аз натиҷаву дастовардҳои муҳими Донишкада дар ҳамаи самтҳо махсусан санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таълимӣ, илмӣ, методӣ, робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегия, форумҳо дар соли 2025 мухтасар, гузориш пешниҳод намуд. Зимни суханронӣ зикр шуд, ки соли 2025 барои аҳли коллективи меҳнатии Донишкада ва филиалҳо соли форомӯшношуданӣ ва таърихӣ буда, дар рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорони кишвар саҳифаи наве боз гардид. Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби Донишкада лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» оид ба бозомӯзии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф омода гардида, ба онҳо тағйироту иловаҳо аз 1 октябри соли 2025 ворид гардид. Дар асоси қонунҳои мазкур «Тартиби бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» ва «Тартиби курсҳои такмили ихтисос» таҳия ва барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст. Инчунин, зиёда аз 10 санади меъёрии локалии соҳа таҳия ва тасдиқ гардидиданд. Дар соли 2025 оид ба пешбурди фаъолияти кадрӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, хоҷагидорӣ ва ғайра бо баррасии 2375 масъала ҷаласаҳо гузаронида шудааст. Дар ин давра зиёда аз 39 барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос бо назардошти зинаҳои таҳсилот (томактабӣ 7, миёнаи умумӣ 28 ва зинаи махсус 4) бо маводи таълимӣ дар шаклҳои гуногун таҳия ва тасдиқ гардиданд. Дар самти корҳои таълимӣ-методӣ: Соли 2025 дар 2134 курсу семинарҳои махсус 60 518 нафар омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ҷалб гардида, маҳорати касбии худро такмил додаанд. Омӯзгорон ва кормандони Донишкада бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёни марказҳои инкишофи кӯдак, омӯзгорони ҷавони нав ба фаъолият оғознамуда, гузариш ба низоми бисёрхола (10 хола), гузаштан ба муносибати босалоҳият дар раванди таълим, роботтехника ва зеҳни сунъӣ, рақамикунонии раванди таълим ва дигаргуниҳои соҳаи маорифи кишвар вобаста ба замони муосир дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷӣ кишвар (Донишкадаи таҳсили забонҳои хориҷии Норвиҷи Британияи Кабир, Донишгоҳи омӯзгории Олтойи Федертсияи Россия, Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон) ва шарикони рушд тавонистанд, ки берун аз нақша 397 курсу семинарро бо фарогирии 16373 нафар шунаванда баргузор намоянд. Дар ин давра дар доираи ҳамкориҳо ҷиҳати табодули таҷриба 40 нафар омӯзгорону кормандони Донишкада ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба хориҷи кишвар аз ҷумла ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон Қирғизистон, Қазоқистон, Британияи Кабир, Эфиопия (Ҳабашистон) сафарбар гардиданд. Дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд, аз ҷумла: 13 июни соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкада бори аввал форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши такмили ихтисоси омӯзгорон дар ҷомеаи муосир: тамоюл, таҷриба ва имкониятҳо» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 360 нафар мутахассисон аз дохил ва хориҷӣ кишвар ҷалб гардиданд. Инчунин, 21 августи соли 2025 форум таҳти унвони «Омӯзгори ҷавон роҳ ба сӯйи муваффақият» баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар омӯзгорони ҷавон, ки бори аввал ба муассисаи таълимӣ ба фаъолияти омӯзгори қадам мегузоранд ҷалб карда шуда, ба онҳо дарсҳои намунавӣ амалан нишон дода шуданд. Бахшҳои он дар филиалҳои Донишкада дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ дар мавзуъҳои гуногун гузаронида шуданд, дар маҷмуъ, 584 нафар омӯзгорони ҷавон ҷалб гардиданд. 15 октябри соли 2025 дар ҳамкори бо дигар зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм таҳти унвони «Рақамикунонӣ дар низоми такмили ихтисоси омӯзгорон: роҳҳои ҳамгироӣ ва моделҳои устувор» форум гузаронида шуд, ки дар он 196 нафар омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёт, математика ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд. Аз ҷониби омӯзгорону кормандон 190 — мизи мудаввар ва ҳамоишҳои илмӣ, 52-конференсия ва 341 хонишҳои кафедравӣ баргузор гардида, ба диссертатсияҳои номзадӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ (курсу семинарҳои махсус) 174 тақриз пешниҳод шудааст. Инчунин, 295 – мақола, 38 монография, китоб ва 179 дастур, роҳнамо модул ва маводи ёрирасон таҳия гардидааст ва ба нашр расонида шудааст. Пас аз анҷоми таҳлили ҳамаҷонибаи ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳмонзода Аҳмадҷон сухан намуда, таъкид намуд, ки воқеъан Донишкада ва филиалҳои он дар давраи ҳисоботи ҷиҳати саривақти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва дигар нақша чорабиниҳо амал намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар фарҷом аз ҷониби ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз фаъолияти бархе аз масъулини Донишкада намунаи ибрат арзёбӣ гардида, дастовардҳои омӯзгорон махсусан иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳимояи дисертатсияҳои номзадӣ баланд арзёбӣ гардид. Дар охир аъзои шурои олимони Донишкада вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гапрдида, қарорҳои дахлдор қабул намуда, вазифаҳо барои соли 2026-ро муайяну мушаххас намуданд. Фаъолияти Донишкада ва филалҳо дар маҷмуъ мусбӣ арзёбӣ гардида, ҷаласа кори худро ҷамъбаст намуд.








